Дар ҷаҳони пуртазод ва пурошӯби имрӯз давлате, ки роҳи сулҳ, субот ва худшиносиро интихоб мекунад, дер ё зуд ба ҳадафи ҳамлаҳои иттилоотӣ табдил меёбад. Тоҷикистон давлати азизу маҳбуби мо низ аз ин қоида истисно нест. Солҳост, ки гурӯҳе аз душманони миллат, ки дар хориҷ паноҳ бурдаанд, бо суханҳои заҳрогин, таҳриф ва тӯҳмат ба сӯи давлат ва ҷомеаи тоҷик санг мепошанд.
Душманони имрӯзаи миллат аксаран онҳое ҳастанд, ки аз дарди воқеии мардум ҷудо шудаанд, бо Ватан робитаи зинда надоранд, масъулиятро напазируфта, роҳи гурезро интихоб кардаанд. Онҳо аз дур сухан гуфтанро осон ёфтаанд.
Аз минбарҳои бегона, аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз паси ниқобҳои “ғамхорӣ” сухан мегӯянд, вале дар асл дили онҳо бо Тоҷикистон нест. Агар мебуд, онҳо санг не, роҳ меҷустанд; таҳқир не, пешниҳод мекарданд; фитна не, созандагӣ меоварданд.
Санг андохтан далели қудрат нест, нишонаи нотавонӣ аст. Касе, ки роҳи созандагӣ надорад, ба вайронкорӣ рӯ меорад. Касе, ки худ чизе сохта наметавонад, аз пешрафти дигарон метарсад. Барои ҳамин, ҳар дастоварди Тоҷикистон мактаби нав, роҳи нав, неругоҳи нав, сулҳу оромии пойдор онҳоро нороҳат мекунад. Онҳо аз як чиз бештар метарсанд: ваҳдати миллӣ.
Зеро миллате, ки муттаҳид аст, фиреб намехӯрад. Бояд фарқ гузошт байни танқиди солим ва тахриби қасдӣ. Танқид барои ислоҳ аст, аз дарун меояд ва роҳи ҳал пешниҳод мекунад. Аммо суханҳои онҳое, ки аз хориҷ санг мепошанд, на барои ислоҳ, балки барои барангехтани кина, шикастани эътимод, заиф кардани давлат, гумроҳ сохтани ҷавонон равона шудаанд. Ин дигар танқид нест ин душманист.
Посухи Тоҷикистон ба чунин ҳамлаҳо ҳеҷ гоҳ дашном ва эҳсосот набояд бошад. Посухи мо бояд ақлона, ором ва созанда бошад. Посухи мо инҳост: кор кардан бо виҷдон, таҳсил ва донишандӯзӣ, эҳтироми қонун, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ.
Ҳар омӯзгоре, ки шогирдро бо муҳаббат таълим медиҳад, ҳар ҷавоне, ки фирефтаи суханҳои бегона намешавад, ҳар шаҳрванде, ки Ватанро бо амалаш дӯст медорад ӯ беҳтарин ҷавоб ба душманони миллат аст.
Имрӯз, бештар аз ҳама, ҷавонон ҳадафи таблиғоти заҳрогин қарор доранд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як оила, омӯзгор ва ҷомеа ин аст, ки ҷавононро, ба фикри мустақил, ба худшиносии миллӣ, ба масъулияти шаҳрвандӣтарбия намоем.
Ҷавоне, ки таърихашро мешиносад, ба дурӯғ бовар намекунад. Ҷавоне, ки Ватанашро эҳсос мекунад, санги бегона ӯро намешиканад. Онҳое, ки аз хориҷ ба сӯи Тоҷикистон санг мепартояд, мераванду фаромӯш мешаванд. Аммо Тоҷикистон мемонад бо мардумаш, бо оромияш, бо роҳи рушдаш.
Ватанро аз дур дӯст доштан осон аст, аммо Ватанро аз дарун нигоҳ доштан, мардонагист. Мо санг намепартоем, мо месозем. Мо таҳқир намекунем, мо исбот мекунем. Мо намешиканем, мо қавитар мешавем. Тоҷикистон бо ваҳдат зинда аст, бо хидмати фарзандонаш пеш меравад ва бо иродаи мардумаш поянда мемонад.
НАЗАРЗОДА Давлатхон Қурбонмурод, сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита