Дар марҳилаи муосири таҳаввулоти геополитикӣ, ки ҷаҳон бо бозиҳои мураккаби қудратҳои ҷаҳонӣ ва "ҷангҳои гибридӣ" рӯ ба рӯ аст, масъалаи ҳифзи суботи дохилӣ барои давлатҳои миллӣ аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад.
Терроризм ва экстремизм дигар танҳо амалҳои ҷиноӣ набуда, балки ба абзори фишори геополитикӣ ва василаи бесуботсозии минтақаҳо табдил ёфтаанд. Ин падидаҳо чун "вируси сиёсӣ" ба бадани давлатдорӣ ворид шуда, пояҳои истиқлолиятро заиф мегардонанд.
Аз нигоҳи низоъшиносӣ экстремизм ҳамчун шакли ифротии инкори низоми давлатдорӣ зоҳир мешавад. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз идеологияҳои мазҳабӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мебаранд. Дар шароити "бархӯрди тамаддунҳо" ва тағйирёбии харитаи нуфузи қудратҳо, кишварҳои рӯ ба рушд бештар мавриди ҳадафи "судури ноамнӣ" қарор мегиранд.
Раванди ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аксар вақт аз роҳи «манипуляция» ё дасткорӣ намудани шуури ҷавонон сурат мегирад. Мубаллиғони террористӣ бо истифода аз эҳсосоти динии мардум, ваъдаҳои дурӯғини «адолати иҷтимоӣ» ва сӯиистифода аз мушкилоти иқтисодӣ, шахсиятро аз муҳити солим ҷудо карда, ба як бозичаи дасти доираҳои махсус табдил медиҳанд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки ифротгароӣ реша дар заминаҳои гуногун дорад, вале имрӯз муҳаррики асосии ин вабо ҷанги беамони иттилоотӣ ва заҳролудсозии шуури ҷомеа мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони асосии набарди идеологӣ табдил ёфтаанд. Гурӯҳҳои террористию тахрибкор аз камсаводӣ ва соддалавҳии баъзе ҷавонон истифода бурдар, мехоҳанд бо арзишҳои сохтаву бегона ҳувияти чандҳазорсолаи миллии моро аз байн баранд ва миллатро аз решаҳои тамаддуниаш ҷудо созанд.
Пешгирии ин хатар тақозо мекунад, ки мо «масунияти иттилоотӣ»-и шаҳрвандонро тақвият бахшем. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як истифодабарандаи интернет бояд тавонад ҳақиқатро аз дурӯғ ва таблиғоти ифротиро аз иттилооти солим фарқ кунад.
Мубориза бо ин зуҳурот наметавонад танҳо характери низомӣ ё қудратӣ дошта бошад. Аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, ки пахш кардани низоъ бидуни бартараф намудани заминаҳои идеологии он натиҷаи дарозмуддат намедиҳад. Мо бояд эътироф кунем, ки холигии тарбиявӣ ва маърифатӣ зуд бо ғояҳои тундрав пур карда мешавад.
Дар ин раванд се ниҳоди асосӣ бояд ҳамкории зич дошта бошанд:
1. Оила - нахустин мактаби худшиносӣ ва ватандӯстӣ. Назорати волидайн аз болои рафтору алоқаҳои фарзандон дар фазои маҷозӣ зарур аст;
2. Маориф. Мактаб бояд на танҳо дониш диҳад, балки тафаккури интиқодӣ ва худогоҳии миллиро дар замири толибилмон ҷой кунад;
3. Ҷомеаи шаҳрвандӣ. Фаъолнокии зиёиён ва фаъолони ҷомеа дар фош кардани чеҳраи аслии гурӯҳҳои террористӣ.
Дар шароити муосир, ки интернет марзҳои давлатиро рахна кардааст, назорати иҷтимоӣ ва роҳнамоии дурусти насли ҷавон на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки қарзи шаҳрвандӣ ва амниятист. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги ниёгон беҳтарин сипар дар муқобили "фарҳанги бегона" ва ифротгароӣ мебошад.
Экстремизм ва терроризм падидаҳои тасодуфӣ нестанд, онҳо оқибати бетафовутӣ ва сустии иродаи дастҷамъонаи ҷомеа мебошанд. Вақте ки дар ҷомеа бетафовутӣ ҳукмфармо мешавад, гурӯҳҳои ифротӣ майдони васеи фаъолият пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, консепсияи "амнияти дастҷамъона" бояд дар шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирад.
Барои нигоҳ доштани суботу оромии Тоҷикистон дар ин буҳрони ҷаҳонии арзишҳо, ҳар як узви ҷомеа бояд дарк кунад, ки амният аз остонаи хонаи ӯ оғоз мешавад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки бетарафӣ метавонад ба фоҷиа оварда расонад. Танҳо бо такя ба илм, маориф, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ метавон дар баробари тӯфонҳои геополитикии асри XXI устувор монд.
сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
ва робита бо ҷомеаи Кумита