Дар асри XXI, ки рушди босуръати технология, рақобати илмӣ ва гузариш ба иқтисоди донишбунёд хусусияти хоси он мебошад, илм ба омили асосии пешрафти давлатҳо табдил ёфтааст. Дар чунин шароит, сиёсати давлатӣ, ки ба рушди илму маориф ва дастгирии неруи зеҳнӣ нигаронда шудааст, нақши ҳалкунанда мебозад. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки ҳамасола дар оғози сол аз ҷониби Пешвои миллат эълон мегардад, далели равшани авлавият доштани илм дар сиёсати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин озмун на танҳо як сабқати илмӣ, балки барномаи фарогири ташаккули тафаккури илмӣ буда, ҳадафи он омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, ташвиқи фаъолияти таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ ва навоварӣ аст.
Имрӯз пешрафти устувори кишвар бе такя ба илм ва таҳқиқоти муосир ғайриимкон аст. Илм на танҳо воситаи ба даст овардани дониш, балки усули тафаккур, таҳлил ва ҳалли мушкилот мебошад. Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» маҳз ба ташаккули ҳамин навъи тафаккур равона гардида, ҷавононро ба андешаи мантиқӣ, таҳлили далелнок ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав ҳидоят мекунад.
Зарурати роҳандозии озмун пеш аз ҳама ба омодасозии мутахассисоне вобаста аст, ки тавонанд ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ бошанд. Иштирок дар озмун ҷавононро ба тадқиқоти мустақил, омӯзиши амиқи фанҳо ва истифодаи усулҳои муосири илмӣ ҷалб менамояд.
Эълони озмун дар аввали сол аҳамияти стратегии худро дорад. Ин иқдом муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро водор месозад, ки фаъолияти илмии худро бо нақша ва ҳадафи мушаххас ба роҳ монанд. Дар натиҷа, корҳои илмӣ на ба таври тасодуфӣ, балки дар доираи барномаҳои солона, бо риояи меъёрҳои илмӣ ва методологияи муосир анҷом дода мешаванд.
Ин раванд ба баланд бардоштани сифати таҳқиқот, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ва ташаккули муҳити солими рақобати илмӣ мусоидат менамояд.
Яке аз бартариҳои муҳими озмун он аст, ки он танҳо ба донишҳои назариявӣ маҳдуд намешавад. Иштирокчиён ташвиқ карда мешаванд, ки таҳқиқоти худро ба ҳалли масъалаҳои воқеии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва экологӣ равона созанд. Ҳамин ҷанба озмунро ба як воситаи муҳими рушди навоварӣ ва илмҳои амалӣ табдил медиҳад.
Инчунин, озмун байни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ робитаи мустаҳкам ба вуҷуд оварда, ҳамкории омӯзгорону донишҷӯёнро тақвият мебахшад. Ин таҷриба барои ташаккули мактабҳои илмӣ ва идомадории анъанаҳои таҳқиқотӣ замина фароҳам меорад.
Натиҷаҳои солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки тавассути озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» теъдоди корҳои илмӣ ва таҳқиқоти инноватсионӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Сатҳи илмии корҳои пешниҳодшуда боло рафта, таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ҷиддӣ шудааст.
Бисёре аз ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун имрӯз ҳамчун муҳаққиқон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолият доранд. Онҳо дар рушди илми ватанӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амал саҳми назаррас мегузоранд. Ин далелҳо гувоҳанд, ки озмун заминаи воқеии ташаккули неруи илмии миллӣ мебошад.
Бо дарназардошти ҳамаи ин, метавон хулоса кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» яке аз абзорҳои муҳими сиёсати давлатии рушди илму маориф ба шумор меравад. Идомаи он ба ташаккули тафаккури илмӣ, рушди навоварӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мусоидат намуда, заминаи устувор барои пешрафти илмӣ ва иқтисодии Тоҷикистон фароҳам меорад. Зеро маҳз илм аст, ки фурӯғи маърифатро дар ҷомеа равшан нигоҳ медорад.
НУРЗОДА Амирҷон Рӯзихон,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ