Дар шароити муосири ҷаҳони пуртазод, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати иттилоотӣ ва бархӯрди арзишҳо рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳамчун ташаббуси муҳим ва саривақтӣ барои муттаҳид сохтани неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳамияти вижа касб мекунад.
Эълони ин озмун дар рӯзи аввали сол рамзи оғози фаъолияти нави маънавӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Замоне ки ҷомеа бо умед ба фардо, нақшаҳои созанда ва ормонҳои нав рӯ меорад, даъват ба шинохти амиқи Ватан, қадршиносии дастовардҳои истиқлол ва масъулият барои ояндаи кишвар аҳамияти хос пайдо менамояд.
Имрӯз ҳифзи ҳуввияти миллӣ танҳо бо шиор имконпазир нест, балки ба фаъолияти мушаххаси фарҳангӣ, маърифатӣ ва эҷодӣ ниёз дорад. Ҷаҳонишавӣ, дар баробари имкониятҳои васеъ, метавонад боиси камранг шудани арзишҳои миллӣ ва суст гардидани пайванди наслҳо гардад.
Дар чунин вазъ, озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳамчун як минбари фарогир барои баён ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат мекунад.
Зарурати баргузории озмун, пеш аз ҳама, ба таҳкими худшиносии миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва давлатдории тоҷикон вобаста аст. Иштирокчиён дар раванди омодагӣ ва иштирок ба омӯзиши амиқи гузашта ва имрӯзии кишвар рӯ меоранд, ки ин худ заминаи ташаккули шаҳрвандони фаъол ва огоҳ мебошад.
Яке аз вижагиҳои муҳими озмун фарогирии он мебошад. Иштирокчиён, аз хонандагону донишҷӯён то омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва зиёиён, метавонанд тавассути асарҳои эҷодӣ, мақолаҳо, баромадҳо ва корҳои таҳлилӣ мавқеи худро нисбат ба Ватан баён намоянд.
Ин раванд барои рушди малакаҳои эҷодӣ, таҳлилӣ ва сухандонии ҷавонон мусоидат мекунад. Иштирок дар озмун ҷавононро водор месозад, ки на танҳо эҳсосӣ, балки бо далел, таҳлил ва ҷаҳонбинии муосир сухан гӯянд. Ҳамин тариқ, озмун ба як мактаби воқеии ташаккули истеъдод табдил меёбад.
Озмун танҳо ба тавсифи зебоии Ватан маҳдуд намешавад, балки иштирокчиёнро ба андеша дар бораи масъулияти ҳар шаҳрванд барои пешрафти кишвар водор месозад. Ин ҷанба махсусан барои ҷавонон муҳим аст, зеро маҳз онҳо неруи асосии рушд ва идомадиҳандаи сиёсати давлат мебошанд.
Дар раванди озмун ҷавонон меомӯзанд, ки ватандӯстӣ танҳо ифтихор кардан нест, балки заҳмат кашидан, пешниҳод намудани ғояҳои созанда ва саҳм гузоштан дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Ин фаҳмиш ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Таҳлили натиҷаҳои солҳои гузашта нишон медиҳад, ки озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба пайдоиши садҳо асари пурмазмун ва таҳлилӣ мусоидат намудааст. Сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии иштирокчиён боло рафта, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди кишвар афзоиш ёфтааст.
Бисёре аз иштирокчиёни фаъол баъдан дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Онҳо имрӯз ҳамчун рассом, тарроҳ, мусиқишинос, оҳангсоз, овозхон ва намояндаи дигар касбу пеша фаъолият намуда, ҳамчун муаррифгари дастовардҳои кишвар кор карда истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки озмун дар ташаккули насли ҷавони ватандӯсту соҳибистеъдод нақши муассир дорад.
Бо дарназардошти аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» метавон ба хулоса омад, ки ин иқдом яке аз воситаҳои муассири таҳкими ватандӯстӣ, рушди истеъдоди ҷавонон ва пойдории худшиносии миллӣ мебошад. Идомаи он дар оянда низ заминаи мусоид барои тарбияи насли огоҳ, масъул ва содиқ ба Ватан фароҳам меорад.
Наҷибулло РАБИЗОДА,
директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент