22 декабр дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат - асоси рушди маориф ва таҳкими нақши занон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Шоева Дилноза, мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Ашурова Моҳира, муовини директор оид ба тарбияи муассиса, Ғаниева Ҳадиса, раиси Шурои занону духтарон, Сафарова Заррина, сармутахассиси кор бо ҷавонон, кормандони шуъбаву бахшҳо, омӯзгорон ва донишҷўён ширкат доштанд.
Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои мавриди назар дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои сиёсати дохилии хориҷии кишвар ин масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон, касбомӯзӣ, ҷалби онҳо ба таҳсил ва мавқеи шоистаи онҳо дар ҷомеаи имрӯза мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ин ғамхорӣ барои заноне, ки дар соҳаи маориф фаъолият доранд, имконият фароҳам меорад, то дар тарбияи насли босавод , ватандӯст ва соҳибмаърифатанд саҳми босазо гузоранд.
Қайд гардид, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин бесабаб нест, зеро ҷавонон неруи пешбаранда, такягоҳи боэътимоди давлат ва кафили фардои ободи Ватан маҳсуб меёбанд.