Дар доираи баргузории вохӯриҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини раиси шаҳр Шукурзода Мурод, директори муассиса Ҷасур Раҳмонов ва омӯзгорону хонандагон конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-роҳнамои таҳкими сулҳ ва рушди давлатдорӣ” баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Панҷакент қайд кард, ки Паём ҳамчун дастури роҳнамо барои ҳама сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад, зеро дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хосса доранд.
Сипас, директори муассиса Ҷасур Раҳмонов баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи мамлакат ба шумор рафта, баҳри муайян намудани фардои дурахшони Ватани азизамон нақши муҳим хоҳад гузошт.