5 декабри соли 2024 дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Агентии содирот бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон мизи мудаввар баргузор гардид.
Сараввал роҳбарияти Агентӣ дар бораи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024” сухан гуфт. Қайд гардид, ки мақсади асосии ҳуҷҷати мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур олимону коршиносон ва мутахассисони варзида аз мақомоти мухталифи кишвар, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзуҳои: «Шарҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038», «Шарҳи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», «Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти давлатӣ», инчунин «Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ва «Шарҳи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» суханронӣ намуданд.