17 октябри соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест ва намоишгоҳи Бохтар Фуд - 2024» баргузор шуд, ки дар кори он беш аз 800 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози форум иштирокдорон дар намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ аз иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ, махсусан вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд, ки барои дар оянда боз ҳам васеъ гардидани бозорҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.
Сипас Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» ба кори худ оғоз намуда, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва шарикони рушд сухан намуданд.
Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамчун анъана сол то сол васеъ ва дар сатҳи баланд баргузор мешавад.
Агентии содирот ҷиҳати рушди иқтидорҳои содиротӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ айни замон тасмим дорад, ки бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтидорҳои содиротии ҷумҳурӣ, низоми миллии дастгирӣ ва рушди содиротро ташаккул диҳад, ки ин иқдом барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои хориҷӣ таъмин мегардад.
Тоҷикистон дорои иқтидори зиёди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, барои ҳамкории мутақобилан судманд бо тамоми ҷонибҳои дахлдор омода мебошад. Иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳое мавҷуданд, ки дорои доираи васеи ашёи хом ва захираҳои арзони меҳнатӣ барои таъмини истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошанд.
Тоҷикистон омодааст ба тамоми ҷонибҳои ҳавасманд бештар аз 50 намуди меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва болаззатро бо нархҳои имтиёзнок ва дастрас пешниҳод намояд. Маҳсулоти Тоҷикистон дар мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин маъруфият пайдо намуда, шароити мусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки содироти меваи тару тоза ва хушк тамоми сол ба роҳ монда шавад.
Гуфта шуд, ки солҳои охир номгӯи содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ то ба 500 номгӯй расида, ҳиссаи воридот дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба тадриҷ коҳиш ёфта истодааст. Ин нишондиҳандаҳо ниҳоӣ набуда, Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёди рушди содироти молу маҳсулот мебошад. Бахусус вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ дорои имконияти бештари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дошта, нақши он дар баробари таъминоти бозори дохилӣ дар рушди содирот ҳам назаррас мебошад.
Кори форум дар ду бахш: «Имкониятҳои сармоягузории минтақа барои рушди соҳаҳои энергетика, агросаноат, содирот ва сайёҳӣ» ва «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: сармоягузорӣ, рушди тиҷорат, содирот ва рақамикунонии соҳаҳо» ва Рушди содирот, дастовардњо ва имкониятњои содиротї ва муаррифии имкониятњои содиротии соњаи кишоварзї идома ёфт. Дар ин бахшҳо имкониятҳои содиротии Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ба хусус вилояти Хатлон, лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ ва имтиёзҳои он муаррифӣ гардиданд.
Беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ дар ин форум ба имзо расонида шуд.
Дар Форуми мазкур ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуд. Мақсад аз аз баргузории Озмун ин дарёфти содироткунандаи боэътимод, рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда тавассути муаррифии имкониятҳои содиротии кишвар мебошад.