Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ (16.8.980, деҳаи Афшанаи Бухоро – 18.6.1037, Ҳамадон), файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик. Падараш Абдуллоҳ аслан аз Балх буда, дар замони салтанати Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба деҳаи Хармайсан (Рометан)-и Бухоро меояд ва ба кори девон машғул мегардад. Модараш Ситорабону аз сокинони Афшана аст. С. 985 оилаи И. С. аз Хармайсан ба ш. Бухоро кӯчид ва ӯ дар ин ҷо ба омӯзиши илм оғоз намуд. Дар даҳсолагиаш сарфу наҳв ва илми адабро хуб омухт. И. С. дар назди Абуабдуллоҳи Нотили ва Исмоили Зоҳид асосҳои мантиқ, фалсафа, фиқҳ ва риёзиётро аз бар кард. Дар охир ба омӯзиши тиб шурӯъ намуда, ин илмро ба хубӣ биомӯхт. «Рӯз ба рӯз, - навишта буд ӯ, - дарҳои дониш ба рӯям боз мешуд. Он гоҳ рӯй ба илми тиб овардам ва ба мутолиаи кутуби тиб пардохтам. Чун тиб чандон душвор набуд, дар андак замоне пояи маҳоратам дар ин фан ба андозае боло рафт. Ки бисьёре аз атиббои вақт барои омӯхтани тиб назди ман зону мезаданд». Чунон ки аз ҳуҷҷатҳои мавҷуда, аз ҷумла аз мукотиба ва мунозираи И. С. ва Берунӣ (997) бармеояд, ӯ дар синни 17-солагӣ чун олими баркамол ба воя расида будааст.
Баъди шикасти давлати Сомониён И. С. ба Хоразм фирор кард. Фарҳангистони Маъмун, ки дар он олимони бузурги давр – Абурайҳони Берунӣ, Абӯсаҳли Масеҳӣ, Абӯнасри Ироқ, Абулхайри Хаммор ва диг. гирд омада буданд, барои фаъолияти илмию эҷодии И. С. ҷои басо мусоид буд. Вале дере нагузашта авзои сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Бинобар ин И. С. роҳи Гургонро пеш гирифт. Вай дар он ҷо ба навиштани асарҳои фалсафию илмӣ, аз ҷумла ҷилди якуми «Ал-Қонун» оғоз намуд. Вале азбаски ҳокими нави Гургон ба султон Маҳмуд ҳусни таваҷҷӯҳ дошт, И. С. маҷбур шуд ба Рай равад. Дере нагузашта султон Маҳмуд Райро забт кард. И. С. аз таъқиботи ӯ гурехта ба Ҳамадон омад ва дар арзи 9 сол аввал табиби дарбор, баъд вазири Абӯтоҳир буд. Ғояҳои пешқадами вай дар бораи давлатдорӣ ва реҷаи ҳаёту хизмати аскарон ба сарлашкарон маъқул наафтод; онҳо ба И. С. муқобил баромада, ӯро ҳабс карданд. Фақат муносибати хайрхоҳонаи амир вайро аз марг наҷот дод. С. 1023 И. С. ба Исфаҳон омада, асарҳои машҳураш «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот» ва «Донишнома»-ро дар инҷо навишт.
Осори И. С. ниҳоят зиёд аст: вай бештар аз чорсад асар навиштааст, ки баъзеашон, аз ҷумла «Китоб-ул-инсоф» (20 ҷилд) аз байн рафтааст. Аз асарҳои маҳфузи И. С., алалхусус «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ал-ҳосил ва-л-маҳсул», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома», «Ал-Қонун фи-т-тиб» ва ғ. аҳамияти бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд.
И. С. намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ аст. Дар осори фалсафии ӯ масъалаҳои таносуби худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабабият ва донистани олами моддӣ ҳарҷониба тадқиқ шудаанд. Масъалаи таносуби худо ва табиат тарзи ифодаи асримиёнагии масъалаи асосии фалсафа аст, ки дар он замон «бар қасди калисо чунин шакли тезу тундро ба худ гирифт: оё оламро худо офаридааст, ё ки олам аз азал вуҷуд дорад?» (К. Маркс, Ф. Энгельс. «Асарҳои мунтахаб», ҷ. 2, Д., 1965, саҳ. 403). И. С. бо далелу бурҳон исбот мекард, ки таносуби худо ва табиат на таносуби холику (худо) махлуқ (табиат), балки таносуби сабабу (худо) натиҷа (табиат) аст. Робитаи сабабу натиҷа бошад, робитаи зарурист. Бинобар ин худо оламро на аз рӯи иродаи мухтори худ, балки аз рӯи зарурат офаридааст. Ӯ ба ҳамин маъни навишта буд: «Ҳар чи аз иллате ояд, ба воҷиб ояд». И. С. дар ин мулоҳизаҳояш аз доираи идеализм берун набаромада бошад ҳам, ихтиёри худоро бар хилофи дин ва фалсафаи калом маҳдуд намуда, онро ба амри зарурат тобеъ кардааст. Ин назариёт И. С.-ро ба сӯи деизм ва ба воситаи он ба материализми табиӣ-илмӣ раҳсипор намудааст, ки дар таълимоти ӯ оид ба геология ва табииёт равшан зоҳир мегардад. Мантиқи муҳокимаҳои боло И. С.-ро ба хулоса меоварад, ки «олам қадим ба замон аст, зеро биззот мутааххир аз вуҷуди воҷиб ва маълули он аст. Лекин тааххури он аз сонеъ, тааххури зеҳнӣ аст, зеро вуҷуди иллат заруратан ва бидуни фосилаи замонӣ муқтазои вуҷуди маълул аст. Ашьёи мӯҳдас ҳамон аъёни ашьёи мавҷуд дар оламанд». Ин назарияи файласуф зотан ба аҳкоми динӣ ва ғояи мутафаккирони мутакаллим дар хусуси олам ва қодири мутлақ будани худо комилан зид буд. Бинобар ин баъдтар Ғазолӣ ва Фахруддини Розӣ ба муқобили он баромада И. С. ва пайравонашро ба куфру илҳод муттаҳам карданӣ шудаанд.
Дар системаи фалсафии И. С. ба таҳлили масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари И. С. ҷой иваз кардани ҷисм, тағьироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Чунин шарҳи масъала барои фаҳмидани моҳияти ҳодисаҳои гуногуни табиат – нумӯ, забул, тахалхул, истиҳолат (инкишоф), табдил шудан аз як ҷинс ба ҷинси диг. ва ҳоказо аҳамияти бузург дошт. И. С. ҳаракатро аз рӯи маноаи пайдоишаш ба табиӣ, қасрӣ ва аразӣ тақсим карда, манбаи ҳаракати табииро дар дохили худи ҷисм, манбаи ҳаракати қасрию аразиро берун аз онҳо ҷустуҷӯ мекард. Эътирофи манбаи дохилии ҳаракати табиӣ имконият медод, ки сабаби тағьироти ашьёву ҳодисаҳо дар худи онҳо ҷуста, ҳар гуна таъсири қувваҳои фавқулодда ба табиат рад карда шавад. Аммо эътирофи манбаи берунаи ҳаракати қасрию аразӣ аксаран мутафаккирро ба хулосаҳои идеалистӣ дар бораи муҳаррики аввал овардааст. И. С. ҳангоми таҳлили моҳияти ҳаракат ду фикри аз ҷиҳати илмӣ муҳимро баён кардааст. Якеи онҳо тасаввуроти вай дар бораи «майл» аст. «Майл қувваест, - навишта буд ӯ, - ки аз ҷисми мутаҳаррик ба муҳаррик мегузарад ва ҷисм то тамом шудани он ҳаракат мекунад». Дар ин ақида ғояи инерция ифода ёфтааст, ки онро танҳо дар а. 17 Галилей кашф намуд. Дуюм ин ки И. С. суръати «ҳаракати макони»-ро ба муқовимати ҷисмҳои дигар ва вазни хоси ҷисми мутаҳаррик вобаста медонист. Ӯ назарияи баъзе мутафаккиронро танқид карда навишта буд, ки мувофиқи ақидаи онҳо «ҳар чӣ хурдтар будӣ тезтар ҷунбидӣ ва ҳар чӣ бузургтар будӣ дертар ҷунбидӣ. Ва кор ба хилофи ин аст». Ин гумони ӯ ба хулосаҳои илми ҳозира комилан мутобиқ аст.
И. С. замонро шумораи ҳаракат дониста, алоқаи онро бо ҳаракат ва модда эътироф мекард. Вай замонро мисли моддаю ҳаракат объективӣ шуморида, ақидаи касонеро, ки онро амри таваҳҳумӣ медонистанд, ё ҳастиашро ба мушоҳид (чунончи Арасту) вобаста мекарданд, танқид кардааст. И. С. замонро ҳамчун модда ва ҳаракат абадӣ дониста дар «Китоб-уш-шифо» навишта буд: «аз ҷумлаи он умур чунин менамояд, ки замон... ночор на дар гузашта мутаноҳӣ аст, на дар оянда», зеро «агар замон ниҳоят дошта бошад, яъне дар гузашта оғозе ва дар оянда поёне дошта бошад, ночор он гузашта ҳам қабле ва ин оянда ҳам баъде дорад». Ҳамин ғоя ӯро ба эътирофи даҳр – замони мутлақ овардааст, ки далели азалияту абадияти олам аст. Макон дар назари И. С. канора ва ниҳояти ҷисмест, ки ҷисми дигарро дарбар мегирад. Ин фаҳмиши масъала ақидаеро ба хотир меорад, ки макон муҳит ё зарфест, ки ҷисмҳо дар дохили он вуҷуд доранд. И. С. ба азалият, абадият ва объективияти макон, ба ҷисм, ҳаракат, замон алоқаманд будани он қоил аст.
Масъалаи танаввӯъ ва рангорангии ҳодисаю ашьёи олам дар фалсафаи И. С. дар шакли таълимоти моддаву сурат баён шудааст. Вай ягонагии моддаву суратро таъкид карда, тамоюлоти материалистии фалсафаашро тақвият додааст. Вале ғояи ӯ дар хусуси он ки диҳандаи сурат, ки навъҳои табииро меофарад, берун аз табиат аст, бешубҳа мазмуни идеалистӣ дорад. Масъалаи нафсу танро, ки зотан масъалаи пайдоишу инкишофи шаклҳои ҳаёт ватаносуби моддиёту рӯҳониёт аст. И. С. аз як мавқеи муайяни ғоявӣ шарҳ надодааст. Аз ин таълимоти вай бармеояд, ки ӯ хосиятҳои асосии ҳаёт – таъвизи ғизо, болишу парвариш (нафси наботӣ), зоиш, ҳаракати иродӣ, андарьёфти ҳиссӣ (нафси ҳайвонӣ), андарьёфти ақлиро (нафси нотиқа) хуб пай бурда, фармудааст, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт на якбора, балки тадриҷан сурат гирифтаанд. Ин ақида ба таълимоти динӣ комилан муқобил буд. И. С. нафси наботию ҳайвониро ба тан зич алоқаманд дониста, ақли нотиқаро ҷавҳари мустақилу абадии ба тан берабт мешуморад. Дар айни замон И. С. аҳкоми динии растохезро рад карда, назарияи таносухро ботил мешуморид.
Фасли ниҳоят муҳимми фалсафаи И. С.-ро масъалаҳои назарияи маърифат ва мантиқ ташкил медиҳанд. Ба ақидаи вай маърифат «Иборат аз он аст, ки идроккунанда сурати идрокшавандаро ба наҳве аз наҳвҳо бигирад. Ва агар идроки шайъӣ моддӣ бошад, ҳамин ки идроккунанда идрокшавандаро таҷрид аз модда кард, идрок (дониш) ҳосил шавад». И. С. боварии комил дошт, ки дониш танҳо дар натиҷаи таъсири олами беруна ба ҳиссу ақли инсон пайдо мешавад. «Ба ақидаи ман, - навишта буд ӯ, - ...маънои «чизи хориҷиро эҳсос кардам», ин аст, ки он чиз дар ҳисси ман мутамассил гашт (гирифта шуд). Ва маънии ин, ки чизеро дар нафси худ эҳсос кардам, ин аст, ки худи сурати ҷисм дар ҷони ман мутамассил гашт». Ба ҳамин маънӣ назарияи маърифати И. С.-ро ҳамчун назарияи инъикос эзоҳ додан мумкин аст, ки он зотан маънии материалистӣ дошта, ба муқобили назарияи тазаккури Афлотун ва идеализми субъективии инодия равона карда шудааст. И. С. масъалаи таносуби дониши ҳиссию ақлиро то ба охир дуруст ҳал карда натавонистааст, зеро вай диалектикаи куллу фардро дарк накардааст ва пай набурдааст, ки «кулл фақат дар алоҳида, ба воситаи алоҳида вуҷуд дорад. Ҳар кадом алоҳида (ба ин тарз набошад, ба тарзи дигар) кулл аст. Ҳар кадом кулл (ё ҳиссачаи ё тарафи ё моҳияти) алоҳида аст». В. И. Ленин. Асарҳо, ҷ. 38, саҳ. 381).
И. С. донишро ба иктисобию ғайрииктисобӣ тақсим карда, дониши ғайрииктисобиро (бевоситаро) асоси тамоми доншпи инсонӣ донистааст, ҳол он ки дониши бевосита, ба маънии томи ин калима, вуҷуд надорад, зеро ҳар зинаи дониш асоси амалӣ ва таҷрибавӣ дорад. Сарфи назар аз ин тамоюлоти ғолиби назарияи маърифати И. С. матерналисти аст ва он дар таълимоти ӯ доир ба ҳақиқат (дониши ба воқеият мутобиқ), лафзҳои куллӣ (умури куллӣ, ки инъикоси воқеиятанд) ва таснифоти илмҳо ба хуби маълум мешавад.
Таълимоти И. С. оид ба мантиқ давоми назарияи маърифати ӯст. Зеро мӯътақид аст, ки «илми мантиқ он аст, ки андар вай надид шавад ҳоли дониста шудани нодониста ба дониста, ки кадом бувад, ки ба ҳақиқат бувад ва кадом бувад, ки наздик ба хақиқат бувад ва кадом бувад, ки ғалат бувад». Аз ин ҷо маълум мешавад, ки мантиқ дар назари ӯ методологияи донистани ҳақиқат аст. Дар процесси донистани ҳақиқат шаклҳои тафаккури мантиқӣ-лафз (мафҳум), қазия (ҳукм), қиёс (хулосабарорӣ) ва бурҳон (исбот) нақши бузург доранд. Бинобар ин И. С. ба таҳлили онҳо диққати зиёд зоҳир карда, таълимоти Арастуро инкишоф дод: вай алоқаи байни қазияҳои (ҳукмҳои) ҳамлию шартиро тадқиқ карда, қазияҳои таркибию инкориро, ки дар мантиқи риёзии имрӯза бо формулаи (p→q)=(p√q) ифода мешавад, ихтироъ намуд, қиёсҳоеро пешниҳод кард, ки баъзеашон аз қазияҳои ҳамлӣ, баъзеашон аз қазияҳои шартӣ таркиб ёфта буданд. Баъдҳо дар зери таъсири И. С. ин гуна қиёсҳо дар асарҳои мантиқиёни Еврона низ мавриди тадқиқ гардиданд. Ӯ қиёси мураккаби хулфро, ки дар тадқиқоти риёзӣ васеъ истеъмол мешавад, ҳарҷониба тадқиқ карда, навишта буд: «Аз ҷумлаи қиёсҳои мураккаб қнёсе аст, ки ӯро қиёси хулф хонанд. Ва ин қиёси хулф мураккаб аст аз ду қиёс: яке қиёсе аст аз ҷумлаи қиёсҳои иқтиронии ғариб, ки ман берун овардаам ва яке қиёси истисноӣ... Аристотилис ишорат бадин кардааст... Валекин ин миқдор гуфтааст, ки хулф аз шарти аст. Пас надид кардани он ки хулф аз шарти аст ин аст, ки ман хоҳам гуфтан» (Рисолаи мантиқи «Донишнома», Теҳрон, 1371 ҳ. қ. саҳ. 89-90). Арасту мантиқро ихтироъ намуда, таъкид карда буд, он илмест, китарзи буньёд кардани қиёсро меомузад. Аз назари И. С. мантиқ илмест, ки ҳам мафҳум, ҳам қазия ва ҳам тарзи буньёди қиёсро меомӯзад. И. С. забонро рамзи фикр дониста, ин масъаларо мавриди тадқиқи махсус қарор дода оуд, ки дар осори Арасту ба назар намерасад.
Баъзе муҳаққиқон даъво доранд, ки И. С. дар охири умраш аз фалсафаи машшоъ рӯ гардопида, фалсафаи хоси худ – ҳикмати машриқияро таъсис кардааст. Дар ин сурат онҳо ба «Китоб-ул-инсоф» ва «Ҳикмат-ул-машриқийин» (алалхусус муқаддимаи «Мантиқ-ул-машриқийин», «Қоҳира, 1328 ҳ., ки гӯё ҷузъи ҳамон «Ҳикмат-ул-машриқийин» аст), «Ишорот ва танбеҳот», «Ат-Тайр», «Ҳай ибни Яқзон» истинод мекунанд ва чандин назария нешниҳод менамоянд:
Мутобиқи ҳамин ғараз аз «ҳикмати шарқия» фалсафаи худи И. С. аз «Ҳикмати ғарбия» - фалсафаи ҳамин шореҳони бағдодии Арастуст (С. Пинес). Вале ин назарияҳо дар асоси таҳлили «Китоб-ул-инсоф» ва «Ҳикмат-ул-машриқийин» пешниҳод нашудаанд, чунки «Китоб-ул-инсоф» дар муҳорибаи Ҳамадон нобуд шуда буд, «Ҳикмат-ул-машриқийин» бошад, гарчи мувофиқи баъзе маълумотҳо маҳфуз аст (дар китобхонаи университети Оксфорд, № 400 ба хатти ибрӣ; китобхонаи оёсуфиёи Истамбул, № 2403) ҳанӯз мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст ва маълум нест, ки он ҳамон асари И. С. аст ё ягон китоби дигар. И. С. дар муқаддимаи «Мантиқ-ул-машриқийин» ноқис будани фалсафаи Арастуро қайд карда менависад, ки «чун ҳол бад-ин рӯй буд, шоик шудем то китобе ҳовии уммаҳоти илми ҳақиқӣ гирд оварем ва он истинботи касе аст, ки бисьёр андеша карда ва дуруст тааммул намуда ва аз ҷудати ҳадс низ дур набудааст». Вале ин далели комили он шуда наметавонад, ки гӯё И. С. аз фалсафаи машшоъ тамоман рӯ гардонидааст. Аз рӯи ин муқаддима маънии «Ҳикмат-ул-машриқийин» фалсафаи шарқ аст, на фалсафаи ишроқ, зеро И. С. ин ибораро ҳамчун мутазоди ибораи «фалсафаи Юнон истифода кардааст: «Басо ки аз манобеи ғайриюнонӣ низ илм омӯхтем... Онгоҳ ин ҳамаро ҳарф ба ҳарф бо илме, ки юнониён «мантиқ» меноманд ва дур нест, ки назди машриқиён номе дигар дошта бошад, баробар ниҳодем ва он чи бо ин мизон созгор ё муғоир буд, боз шинохтем» (саҳ. 4). Аз асарҳои номбурдаи И. С. фақат «Ат-Тайр» ва «Ҳай ибни Яқзон» оҳанги ирфони доранд. Вале сарфи назар аз ин мусаллам аст, ки И. С. ҳаргиз риштаи қонунияти объективиро аз даст надода, дар асарҳои охиринаш ҳам (аз ҷумла «Ишорот ва танбеҳот») на танҳо ҳодисаҳои табий, балки ҳодисаҳои «фавқуттабииро» низ аз на зари «мазҳаби табиат» (қонунияти табиат) баён кардааст. Эътирофи сабабият ва қонунияти объективй зотан ба рӯҳи ирфон ва тасаввуф зид аст.
Масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқ, тарбия ва таълим ҷузъи махсуси системаи фалсафаи И. С.-ро ташкил медиҳанд Вале доир ба ин масъалаҳо вай тадқиқоти амиқ нагузаронида, бештар Форобиро пайрави кардааст.
И. С. на танҳо файласуф, балки табиатшиноси бузурги таҷрибакор низ буд. У хусусан дар илми тиб хизмати бағоят бузург кардааст. Вай дар «Ал-Қонун фӣ тиб» ва дигар асарҳояш комьёбиҳои тибби ҳиндуён, юнониён, эрониён ва арабҳоро ҷамъбаст намуда илмҳои тиббии замонашро хеле тараққй дод ва онҳоро бо кашфиёти нави худ пурра кард.
Дар оғози «Ал-Қонун» таърифи бисьёр аниқи нлми тиб оварда шудааст, ки он ба тасаввуроти имрӯза басе наздик аст: «Тиб илмест дар бораи донистани тани днсон дар ҳоли саломати ё беморӣ ва баргардонидани саломатии инсон, ки рӯ ба заъф овардааст. Вақте мегӯянд, ки тиб аз назария ва амалия иборат аст, ки бояд гумон кард, ки бахше аз он илм асту бахше амал (чунонки баъзе муҳаққиқонн ин масъала пиндоштаанд). Баръакс, бидон, ки маънии ин дигар аст, яъне ҳарду бахши тиб илм аст: яке илми усули тиб, дигаре – илми тарзи табобат». И. С. дар асоси ҳамин таъбири илми тиб тарзҳои нигоҳ доштани тандурустй ва табобати бемориҳои гуногунро баён кардааст. Бисьёр фикру мулоҳизаҳо ва маслиҳатҳои ӯ доир ба ин масъалаҳо (масалан, реҷаи зиндагй ва хӯрок, парҳез, аҳамияти варзиш дар нигоҳ доштани саломатӣ ва ғ.) ҳанӯз ҳам арзиши илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. Хизмати бузурги И. С. дар соҳаи илми тиб аз кӯшиши буньёд кардани аломатшиносӣ (семиотика), ташхис (диагностика) ва назарияи илмии табобат иборат буд. Дар ин соҳа ва дигар қисматҳои илми тиб ӯ кашфиёт ва ихтирооти зиёде кардааст. Масалан, ҳамчун мушарреҳ И. С. аввалин табибест, ки сохти дурусти чашмро тасвир памудааст. То замони ӯ чунин ақида ҳукмрон буд. ки узви асосии чашм зуҷоҷия аст. Аз чашм нуре бархоста ашьёро равшан мекунад ва сурати онҳоро пайдо менамояд. И. С. исбот кард, ки узви асосии чашм шабакия аст ва маҳз дар оп сурати чизҳо пайдо мешаванд. И. С. чун мушаххис (диагяостик) фарқи байпи вабо ва тоун, ҷузом (махав) ва доъ-ул-фил, зотулҷанб (варами пардаи шуш) ва зотурриё (варами шуш)-ро муқаррар кард, касалии сирояткунанда будани обила (гул, чечак)-ро пай бурд, варами меъдаро басо равшан тавсиф кард, менингитро ҳамчун касалии махсус – варами пардаи мағзи сар муайян намуд, аломатҳои бемории қандро (диабетро) аввалин бор дар таърихи тиб возеҳ баён кард (Канон врачебной науки. Кн. 3, т. 1, Ташкент, 1958, стр. 640-641; т. 2, Ташкент, 1959, стр. 271-322, 339-342; Кн. 4, Ташкент, 1960, стр. 191) ва ангуштзанӣ (перкусия)-ро чун усули дардшиносӣ ҷорӣ намуд (Ҳамон асар, кит. 1, с. 236).
И. С. дар соҳаи илмл ҷарроҳӣ низ ихтироъҳои зиёде ба миён овард. Чунончи вай тарзи бевосита ба ҷояш андохтави бозуи баромадаро пешниҳод кардааст, ки дар таърихи тиб бо номи усули И. С. машҳур аст. Тарзи ҷарроқии саратон, ки дар «Ал-Қонун» тасвир шудааст, ба усулҳои табобати ҳозираи ин беморӣ хеле наздик аст: «Баъзан варами на чандон калони саратонро бурида партофтан мумкин аст. Саратонро танҳо бо роҳи пурра ва комилан буридани он нест кардан мумкин аст: оаратонеро, ки бофтаҳои уэверо фаро гирифтааст, мебуранд ва ҳама рагҳоеро, ки онро гизо медиҳанд, берун меоранд, то ягонтоаш боқӣ намбнад... Вале қатъи саратон аксаран боиси бадтар шудани ҳоли бемор мешавад. Гоҳо баъди қатъ доғ кардан ҳам зарур мешавад, вале доғ кардан аксаран хеле хатарнок аст, хусусан, агар саратон дар назди узвҳои асосӣ (мағзи сар, дил, ҷигар) ҷой гирифта бошад».
И. С. чун муолиҷ (терапевт) усулҳои набзшиносӣ, бавлшивосӣ, табшиносӣ ва ғ.-ро такмил дода, аломатҳои болинии чандин бемориҳои дарунӣ, асабӣ, руҳиро аниқу оареҳ баён кард ва дармони онҳоро бештар аз рӯи таҷрибаҳои худ таъин намуд.
Дар соҳаи вабошиносӣ (эпидемиология) вай дар хусуси дар муҳити беруна (об, хок, ҳаво ва ғ.) вуҷуд доштани мавҷудоти ба чапши одди ноаёни касалиовар (яъне микробҳо) фарзияе пешниҳод намуд ва ғояи сироят кардани бисьёр касалиҳоро равшан ифода намуд. Ин фарзияҳои И. С.-ро пас аз ҳаштсад сол таҷрибаҳои Л. Пастер, ки мавҷудияти микробҳоро кашф намуд, тасдиқ карданд. Хизматҳои И. С. дар илмҳои дорушиносӣ (фармакология), дорусози (фармация), муайян кардани хосияти давоҷот (фармакогнозия) низ кам нестанд. Дар «Ал-Қонун» 811 навъи доруҳои гуногун тавсиф шудааст, ки 70 номгӯи онҳо ҳоло ҳам дар амалияи тиб истифода мешавад ва бештарашов дар вашри охирини «Формакопеяи давлатии СССР» зикр шудааст. И. С. аввалин бор дар таърихи тиб доир ба давоҳои дарди дил бо номи «Адвият-ул-қалбия» китоби махсус таълиф кард, ки дар он тавсифи ҳафтод номгӯи доруҳо оварда шудааст. Даҳ номгӯи ин доруҳоро худи ӯ ихтироъ карда дар тиб ҷори кардааст.
Дар баробари ин бисьёр дастурҳои методологии И. С. ҳам то ба ҳол арзиши худро гум накардааст. Ғояҳои табобати фардии беморон, дақиқкорона санҷидану тафтиш кардани доруҳо ва ба таври фардӣ таъин кардани онҳо (зеро ҳар бемор табиати хос дорад), робитаи мутақобилаи бемории узвҳои ҷудогонаи бадани инсон ва ҳолати физиологии тамоми организм, ҳангоми ҷарроҳӣ ба ҳисоб гирифтани авзои бемор, кайфият ва ҳолати руҳию ҷисмонии вай аз ҳамин қабиланд. Ҳамаи ин далели он аст, ки И. С. олими бузурги эҷодкор буд ва касоне, ки ӯро шореҳи хушку холии Буқрот (Гиппократ) ва Ҷолинус (Гален) тасвир кардаанд, ба хато роҳ доданд.
Таълимоти тиббии И. С. аҳамияти бузурги назариявӣ низ дошт, зеро дар осори ӯ масъалаҳои умуминазарияви ва фалсафаи тиб мавриди муҳокимаи махсус қарор гирифтаанд. Ҳалли онҳо ӯро ба материализми табиӣ-илмӣ (дар баробари таълимоти геологиаш) овардааст, ки лаҳзаҳои асосиаш инҳо мебошанд:
И. С. дар дигар соҳаҳои табиатшиноси низ осори зиёде дорад. Вай ҳодисаҳои гуногуни табиат (раъд, барқ, борон, барф, жола, кусуфи Офтобу хусуфи Моҳ, субҳи содиқ ва козиб, зилзила, фаввораҳо, гармӣ...)-ро илмӣ шарҳ додааст. Дар баъзе асарҳои у як қатор масъалаҳои илми манозир ва мароё, аз ҷумла моҳияти нур, инъикос ва инкисори шуоъ, физикаи моеъ (масалан, таркидани зарфҳо дар зери фишори моеи дар онҳо буда), наботшиносӣ (ботаника), ҳайвоншиносӣ (зоология) ва риёзиёт мавриди баҳс қарор гирифтаанд.
И. С. хусусан дар соҳаи табақотуларз (геология) ба комьёбиҳои бузург ноил шуда буд. Далели ин фарзияи ӯ дар бораи таҳаввули (эволюцияи) қишри замин аст, ки мувофиқи он ҷойҳое, ки ҳоло водиҳои зархезу зарнисоранд, як вақтҳо ҳавзаи баҳру дарьёҳо будаанд (дар ҷинсҳои сангин пайдо кардани гӯшмоҳӣ барин ҳайвонҳои обӣ далели ҳамин аст) ва мавзеъҳое, ки воҳаҳои шукуфон буданд, ба ҳавзаи баҳру дарьёҳо табдил шудаанд. Ин фарзияи И. С.-ро кашфиётҳои геологии ҳозира ба куллӣ тасдиқ мекунанд. Ақидаҳои И. С. дар бораи пайдоиши куҳҳо, дараҳо, водиҳо, маъданҳо ва сабабҳои заминҷунбӣ низ ба ақидаҳои илми ҳозира наздиканд. Назарияи вволюцияи геологии И. С. баробари аҳамияти илмӣ, аҳамияти бузурги ғоявию мафкуравӣ низ дошт: вай таълимоти диниро рад карда инкишофи табиию таърихии сайёраи моро нишон медиҳад, ақидаи диалектикиро дар бораи тағьироти кулли пойдор менамояд.
И. С. баробари инкишофи фалсафа ва илмҳои замонаш истилоҳоти илмии забонҳои арабию тоҷики (форсӣ)-ро такмил дод. Нақши у алалхусус дар тартибу такмили истилоҳоти илмии забони тоҷики, ки дар асри X нав забони асархои илмӣ гардида буд, бузург аст. Вай ба воситаи «Донишнома» ва дигар рисолаҳои тоҷикиаш (20 номгуй) исбот кард, ки забони тоҷики ба ифодаи маъниҳои амиқи илмию фалсафӣ қобил аст. Истилоҳоти дар илм ва фалсафа ҷорӣ кардаи И. С. дар тӯли асрҳо аз имтиҳон гузашта, такмил ёфт ва имруз ҳам қобили истифода аст. Чунончи: пайваста, гусиста, пазиро, ҷунбиш, оромиш, сесӯ, чаҳорсӯ, парвариш, болиш ва ғ.
И. С. чун адиб низ шӯҳрат дорад. Манзумаҳои «Урҷуза-фӣ тиб», қасидаи «Айния», ғазал ва рубоиҳои ӯ аз маҳорати шоир дар назми арабию тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд. Мавзуъҳои асосии шеърҳои ӯ таърифу ташвиқи илм, ба комьёбиҳои ноилшуда қаноат накардан, мубориза ба муқобили ҷоҳилон ва ҷаҳолат, иртиҷоъ ва иртиҷоъпарастон, танқиди ахлоқи замима аст. Аз ин рӯ, онҳо ҳоло ҳам аҳамияти калони маданию таърихи доранд. Қиссаҳои фалсафии И. С. «Ҳай ибни Яқзон» ва «Ат-Тайр» ба пешрафти адабиёти халқҳои Шарқ ва Европа таъсири калон расонидаанд. Саноӣ дар «Сайр-ул-ибод ила-л-маод» мундариҷаи «Ҳай ибни Яқзон»-ро, Аттор дар «Мантиқ-ут-тайр», Навоӣ дар «Лисон-ут-тайр» мавзуи «Ат-Тайр»-и ӯро ба риштаи назм кашидаанд. Баъзе оҳангҳои ин асарҳои ӯро дар «Мазҳакаи илоҳи»-и А. Данте, ки у И. С.-ро ба қатори бузургтарин адибони олам мегузорад, дучор меоем. Ақидаҳои эстетикии И. С. дар рисолаҳояш оид ба арӯз, хитоба ва мусиқӣ баён шудаанд. Масъалаҳои забон низ мавриди таваҷҷуҳи И. С. буданд. «Махориҷ- ул-ҳуруф»-и ӯ намунаи беҳтарини тадқиқоти фонетикии асрҳои миёна аст.
Ғояҳои фалсафӣ ва илмии И. С. ба инкишофи минбаъдаи илму фалсафаи Шарқу Ғарб таъсири калон расониданд. Умари Хайём, Муҳаммади Ҷурҷонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Кутбуддини Шерози, Ҷалолуддини Давони равияи ӯро давом дода, илму фалсафаи асрҳои миёнаро хеле тараққӣ доданд. Муборизаи ғоявие, ки дар атрофи осори И. С. авҷ гирифт, ба такомули тафаккури фалсафӣ ва илми кумак кард, зеро намояндагони мактаби И. С. даъвоҳои душманони ғоявии ӯро рад карда, чандин кашфиёти нави илмию фалсафиро баён карданд.
Таълимоти И. С. дар бораи қидами олам ва шаклҳои ҳастии он, назарияи маърифати вай ба фалсафаи Европаи Ғарбӣ роҳ ёфта, принципҳои муҳимми фалсафаи Сигери Брабантӣ (а. 13) гардиданд, ки у дар танқиди схоластика ва сурат гирифтани материализми замони нав роли муҳим бозидааст. Ба ин маънӣ Ф. Энгельс навишта буд, ки «дар байни халқҳои романи озодфикрии зиндадилонае, ки аз арабҳо гузашта буд ва аз философияи аз нав кашф кардашудаи юнонӣ ғизо мегирифт, то рафт бештар реша давондан гирифт ва ин озодфикрӣ материализми асри 18-ро тайёр кард» (ҳамон ҷо, саҳ. 60). Назарияи эволюцияи геологии И. С., ки Европа бо он дар а. 12 шинос шуда буд, яке аз заминаҳои пайдо шудани геологияи илмӣ гардид. «Ал- қонун»-и ӯ дар арзи шаш аср манбаи донишҳои тиобӣ ва китоби дарсии табибони Шарқу Ғарб буд.
Олимон ба барқарор кардани сурати илмии И. С. машғуланд.
Тасвирро ниг. дар саҳ. 496-497.
Ас.: Маҷмӯаи шеърҳо, Сталинобод, 1953; Даниш-намэ, Сталинабад, 1957; Канон врачебной науки, тт. 1-4, Ташкент, 1954-60; Математические главы «Книги знания», Д., 1967; Фонетический трактат, Тбилиси, 1966.
رساله منطق «دانش نامه علائی»، تهران، ۱۳۲۱؛
الهیات «دانش نامه علائی»، تهران، ۱۳۳۱؛
طبیعیات «دانش نامه علائی»، تهران، ۱۳۳۱؛
فنون سماع طبیعی، تهران، ۱۳۱۹؛ روانشناسی، تهران، ۱۳۳۲؛
اشارات و تنبیهات، تهران، ۱۳۳۲؛ کتاب النجات، مصر، ۱۳۵۷ ه.
Адабиёт: