Дар санаи 22.07.2026 дар Китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус дар доираи Фестивали вилоятии"Ҷаҳони китоб ва фарҳанги муосир" бо кормандони китобдорони рақамии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии Маҳмадаминов Саймумин Ғуломович дотсенти ДДБ ба номи номи Носири Хусрав, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Ҳайбуллоев Умедҷон, Директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус Қодирова Олия. баргузор гардид. Баҳри тарғиби китобхонӣ дар байни аҳолӣ, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба озмунҳо, ҳамкорӣ бо падару модарони наврасон ҳозирин мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон директори китобхонаи марказӣ Қодирова О. оиди эълон гардидани "Солҳои 2026-2030 солҳои фарҳанги китобхонӣ" суханронӣ намуданд.