Субҳи имрӯз, 29 сентябри соли 2026, бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, сардори шуъбаи мудофиаи ҳудудии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризозода Саъдулло, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва…
Субҳи имрӯз, 29 сентябри соли 2026, бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, сардори шуъбаи мудофиаи ҳудудии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризозода Саъдулло, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сохторҳои қудратӣ дар ноҳияи Шаҳринав вобаста ба масъалаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ҳолати омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ чорабинии дахлдор баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба ташкили дурусти мудофиаи ҳудудӣ, омодагии сохторҳои дахлдор, сатҳи омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва иҷрои вазифаҳои вобаста ба сафарбаркунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва баланд бардоштани сатҳи омодагии сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина, омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳои дахлдор, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо ва сохторҳои қудратӣ дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими таъмин намудани омодагии зарурӣ ба ҳисоб меравад