29 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Фестивали Пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Кумита гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ ҳайати расмӣ, меҳмонон ва иштирокдорон аз
гӯшаи сайёҳӣ дидан намуда, аз ҷониби шахсони масъули Кумита ва ширкатҳои ватанӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар аз ҷумла, табииву таърихӣ, экологиву кишоварзӣ, шикор, табобативу куҳнварди ва дигар намудҳои сайёҳӣ маълумот пешниҳод карда шуд.