17 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KfW), аз ҷумла менеҷери лоиҳа – Анна-Мария Санта Круз, коршиноси масоили сохтмон Якоб Дитер ва кормандони намояндагии Бонк дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Дастгирии пешбурди таҳсилоти асосӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар деҳот»-ро мавриди баррасии муфассал қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид карда шуд, ки татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037, пурра мутобиқат намуда, дар таҳкими сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва тавсеаи минбаъдаи он дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.