Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Холид Муҳаммад Ас-Сайҳон - Муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд.
Дар раванди мулоқот Файзалӣ Идизода қайд намуд, Арабистони Саудӣ яке аз нахустин давлатҳоест, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро расман эътироф карда, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангиро барқарор намуд. Муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳои мо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, умед бар он дорем, ки ҳамкориҳо бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам вусъат меёбад.
Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода қайд намуд, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қадами устувор дар самти рушди тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пешсафии Арабистони Саудӣ дар соҳаи тиҷорат дар Ховари Миёна барои кишвари мо дар самтҳои гуногуни хочагии халқ дарси ибрат ва омӯзиш шуда метавонад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, дар Тоҷикистон ба соҳаи энергетика, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, айни замон дар ҳоли рушд қарор дорад, Арабистони Саудӣ метавонад бо ҳамтоёнашон дар Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта бошанд.
Аз ҷумла, Ф. Идизода қайд намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти доимамалкунандаи касбӣ буда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, инҷунин муносибатҳои соҳибкорони ду давлат мусоидат намояд.