Имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Раисони парламентҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии СААД ба Масква омада буданд, мулоқот намуд. Дар мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода низ иштирок дошт.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Россия масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлати Россия нақши калидии дипломатияи парламентиро дар амиқтар намудани равандҳои интегратсионӣ дар доираи СААД таъкид кард.
Владимир Путин зикр намуд, ки Ассамблеяи Парламентӣ қариб 20 сол пеш, соли 2006 таъсис ёфта буд ва ҳақиқатан ҳам саҳми назаррас дар такмил ва ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои мо дар соҳаи мудофиа ва амният мегузорад. Хусусан, мехоҳам Қонуни намунавӣ оид ба мубориза бо терроризмро зикр намоям, ки яке аз унсурҳои муҳимми пойгоҳи меъёриест, ки бе он ба мо дар сатҳи амалия қабули ҳар гуна қарорҳо хеле душвор аст.
Владимир Путин ба ҳайатҳои Ассамблеяи Парламентии СААД барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии СААД изҳори сипос намуд.
Раисони парламентҳои кишварҳои СААД низ дар навбати худ барои имкони мубодилаи мустақими афкор бо роҳбарияти Россия изҳори миннатдорӣ карда, омодагии худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.