Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.
Қабл аз оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар якҷоягӣ бо Сарони парламентҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни ҶБВ бар пояи Муҷассамаи Аскари номаълум дар назди Қасри Кремл гулчанбар гузоштанд.
Сарони парламентҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон бо экспозитсияи таърихӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони «Ғалабаи бузург» бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ шинос шуданд.
Ба маърази тамошо беш аз 700 номгӯй ҳуҷҷатҳои нодир доир ба ҶБВ аз 50 осорхонаҳои Федератсияи Россия ва Белорусия гузошта шуда буд.