eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Суханронии Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
More
Суханронии Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
Главная
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
8 декабря 2025
Суханронии Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз оғози таъсисёбии худ дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботҳои Оиннома ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Қабули беш аз сад санадҳои модели қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамгунсозии соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, аз самаранокии фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дарак медиҳад. Бо мақсади такмил додани фаъолияти Ассамблеяи Парламентӣ пешниҳод менамоем, ки дар давраи ҷашни бистсолагии таъсиси Ассамблеяи Парламентӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар самти ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои узв мавриди таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ қарор диҳем. Зарур аст, ки назорати иҷрои қарорҳои марбут ба фаъолияти сулҳпарварӣ, амнияти киберӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир густариш дода шавад, инчунин табодули гуманитарӣ ва маърифатӣ ҷиҳати ташаккули фарҳанги умумии амният рушд дода шавад. Мо бовар дорем, ки тавассути таҳкими эътимод, ҳамбастагӣ ва дастгирии мутақобил метавонем ба таври муассир ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир муқовимат намоем, - гуфт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.
Единый портал государственных услуг
Предыдущий сайт
Президент Республики Таджикистан
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
Маджлиси милли Маджлиса Оли Республики Таджикистан
О Стуктуре
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
Национальная библиотека Республики Таджикистан
ehukumat.tj
Издание Маджлиси Оли Республики Таджикистан