07.12.25 Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуданд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагонро Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода, Имомзода Нилуфар муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабор Сатторзода ва Мудири котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар нишасти мазкур Сарони парламентҳои Федератсияи Русия, Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар мулоқот роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шавад.