Санаи 27 июни соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бахшида ба қабул гардидани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" (2025-2036) чорабини баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтиттоҳии Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода М.У. оғоз гардида, мавсуф зимни баромади худ иброз намуданд, ки ҳадафи ин даҳсола таҳкими сулҳу субот, рушди муколамаи созанда, эҳтироми ҳуқуқи инсон, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани ояндаи осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ин ташаббус кишварҳоро ба ҳамкории зич дар роҳи ҳивзи сулҳ ва рушди устувор даъват мекунад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҳамеша сиёсатӣ дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалиро ҷонибдорӣ намуда, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳҳонии сулҳ нақши фаъол дорад.
Инчунин, аз ҷониби муҳтарам Раис оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ибрози андеша карда шуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд бо донишу маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди соҳа ва ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳамаи кормандони Кумитаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолият ва зиндагиашон комёбиҳои навро орзу намуданд.