Санаи 28-29 уми апрели соли ҷорӣ муовини сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумита Маҳмадшоева Зарафшон Абдурахмоновна ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр Раҳмонализода Баҳодур дар баргузории Конфронси «Рӯзи духтурони байтор»иштирок намуданд.
Ҳамасола дар давлати Гурҷистон, мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, дар охири моҳи апрел Рӯзи духтурони байторӣ таҷлил мешавад, ки ин рӯз ба 28-уми апрели соли 2026 рост омад. Вобаста ба ин сана дар ин кишвар бахшида ба ҳифзи солимии ҳайвонот конфронсу чорабиниҳои махсус ташкил ва баргузор карда шуда, ҳамзамон мутахассисон ва ҷавонони соҳа қадрдонӣ карда мешаванд.
Мутахассисони сафарбаргардида дар конфронси мазкур фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи байтории ҷумҳуриро дар сатҳи баланд муаррифи намуданд.