24 март бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тантанаи бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардид.
Майдони ҷашнгоҳ ба таври идона оро ёфта, фазои хосаи наврӯзӣ фароҳам оварда шуда буд. Ба ин муносибат тамоми сохторҳои кумита ҳамаҷониба омодагӣ дида, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ саҳм гузоштанд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода меҳмонон ва ҳозиринро самимона хайрамақдам гуфта, кулли иштирокдоронро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуданд.Сипас раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода кормандони соҳаро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз гиромидошти муқаддасоти миллӣ, суннату анъанаҳои ниёгон ва фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик мебошад. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, оғози соли нав, рамзи шодиву сурур, дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ифодаи орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои умумибашарӣ мақоми вижа дорад.
Дар ҷараёни тантана намояндагони зерсохторҳо, марказҳои таъминот ва ташхисгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, бо эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, омода намудани таомҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои баҳорӣ, ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.
Ҳамзамон, дар базмгоҳҳои наврӯзӣ барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардида, фарорасии Соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи оламафрӯз бо риояи суннатҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.
Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш, мусобиқаи варзишии "бандкашӣ" ва "дастхобонӣ" миёни кормандони кумита баргузор гардид.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти ҷашн тақдим карда шуд.
Инчунин, барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории чорабинии мазкур тамоми зерсохторҳои Кумита дар вилояти Суғд бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.