Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад. Дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.Дар арафаи иди Саиди фитр аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита ба МДТУА «Мактаб интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдудошта»-и шаҳри Душанбе маҳсулотҳои ниёзи аввал, аз қабили картошка, пиёз, карам, равған, тухм, биринҷ, шакар, орд, гӯшт, нон, макарон, сабзӣ ва обњои нушокии ранга ва дигар намуди маҳсулотҳо ба маблағи 6241 сомонӣ кӯмак расонида шуд.Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии Сарвари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мунтазам кумакҳои моддиву молиявӣ мерасонад.