Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2026, №3566 (26.6) вобаста ба эълон намудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба иттилоъ мерасонад, ки роҳбарият ва кормандони Кумита санаи 4 марти соли 2026 аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дастаҷамъона боздид намуда, бо таърихи пурғановати миллӣ ва фарҳанги оламшумули худ аз наздик шинос шуданд. Боварӣ дорем, ки ташкил намудани чунин чорабиниҳо ва тамошои дастаҷамъонаи он дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти худшиносиву худгоҳии аҳли ҷомеъа мусоидат менамояд.