Баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи эълони қаблан дар нашрияҳои расмӣ нашргардида, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо иштироки ҳайати мушовараи Кумита, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрӣ Олимшо ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Саидаброр озмун гузаронида шуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10-и «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» ва бо мақсади интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос, фармоиши раиси Кумита аз 1 декабри соли 2025 «Дар бораи эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти бехатарии озуқаворӣ» ба имзо расид. Дар хусуси гузаронидани озмун барои 17 мансаби холии мақомоти бехатарии озуқаворӣ тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 16 декабри соли 2025, сомонаҳои расмии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита бо нишон додани номгӯйи мансабҳо, андозаи музди меҳнат, талаботи тахассусӣ, муҳлат ва суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо эълон нашр гардид.
Бояд гуфт, ки ба 17 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ 6 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, дар озмун иштирок намуда, дар асоси қарори Комиссияи озмунӣ ва натиҷаи озмун довталабони арзандаю соҳибтаҷриба барои таъин гардидан ба мансабҳо тавсия дода шуданд.