Терроризму экстремизм яке аз зуҳуроти манфии имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар худ пайёмадҳои таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, иғво андохтан, низои миллию иртиҷоӣ, иҷтимоӣ ва диниро дорад.
Имрӯзҳо терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрам буда, сабабҳо ва хусусиятҳои он аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавриди омӯзиш ва пажуҳиш қарор гирифтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дар муқобили ҳаракатҳои терроризм ва экстремизм ҳадафҳои мушаххас дошта, пайваста дар тамоми чорбиниҳои сатҳи минтақавиву байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаҳои беамон бар зидди ин зуҳуроти даҳшатофар даъват менамояд.
Дар асоси стратегия ва барномаи давлатӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд.
Ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардиданд.
Содир намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин ҳисобида шуда, яке аз воситаҳои асосии пешгирии ин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар қонунгузории ҷиноятӣ мустаҳкам намудани ҷазои вазнин нисбати онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ шудааст. Такмили пайвастаи қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарӣ барои экстремизм ва терроризм, аз ҷумла сари вақт ҷиноят эътироф намудани шаклҳои нави зоҳиршавии онҳо, инчунин муқаррар намудани муҷозоти мувофиқ барои содир намудани онҳо зарур мебошад.
Дар раванди муқовимат бо экстремизм ва терроризм иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ва ҳар як аъзои ҷомеа самарабахш мебошад. Гузаронидани ташвиқоти васеъ оид ба таъсири харобовари экстремизм ва терроризм ба иқтисодиёту ҷомеа ва рушди ҷаҳонбинии аҳолӣ, яке аз воситаҳои муҳими муқовимат дар ин самт маҳсуб мешавад.
Тибқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалӣ ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бояд ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳамагуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуктаи назар нигаронида шавад.
Бояд гуфт, ки қурбони терроризим асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки ӯ ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар боварии комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.