
25 сентябри соли 2025 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва касбии кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва корхонаву ташкилотҳои зертобеи Кумита вохӯрии кормандон бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳайзода Сайфулло Шомуддин ва Маҳмадуллозода Азим Неъматулло баргузор гардид. Сараввал, муовини раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд Ширин ҷаласаро ифтитоҳ ва ҳозиринро ба рӯзномаи он шинос намуда, суханро ба прокурори калони Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳайзода С.Ш. доданд. Номбурда дар суханронии худ қайд намуданд, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ шудааст, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Номбурда таъкид намуд, ки ҳадафи барномаи мазкур ба таҳсил фаро гирифтани шахсони аз маҳалҳои задухӯрд овардашуда ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон буда, мо дар якҷоягӣ метавонем бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, онро пешгирӣ ва решакан намоем. Инчунин, номбурда аз дастовардҳои Прокуратураи генералӣ дар соли ҷорӣ дар ин самт ёдрас шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа, зимни муҳокима ва пешниҳодҳо кормандони Кумита аз суханронии намояндагони Прокуратура изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки он нуқтаҳои асосие, ки аз Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 овардашударо сармашқи кори худ қарор дода, ба ин васила волоияти муқаррароти Стратегияи мазкурро таъмин намуда, дар мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши боризи худро мегузоранд.