Имрӯз, санаи 26 январи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025, №26/10-465 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025, бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори омма (беш аз 24 нафар) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Нишасти матбуотиро раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид ифтитоҳ ва аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қабл аз баргузории нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма резаахбор (пресс-релиз) пешниҳод гардида, раванди нишасти матбуотӣ пурра ба тариқи саволу ҷавоб ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.Дар охири нишаст роҳбарияти Кумита бо мақсади инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳо ва камбудиҳои соҳа барои пешравии фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ, намояндагони ВАО-и кишварро барои ҳамкориҳои боз ҳам густурдатар даъват намуданд.