Имрӯз, 5 ноябри соли 2025 дар толори Дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 31–солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар чорабинии идона муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Изатуллозода Пайрав иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаласаро Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ифтитоҳ намуда, кормандони Кумита ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфта, қайд карданд, ки қабули Конститутсия дар роҳи бунёд, тараққиёт ва муаррифии давлати навини тоҷикон нақши калидӣ ва тақдирсоз дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади сарнавиштсози таъриҳӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷуёна муаррифӣ намуд. Аз ин рӯ, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ дорои мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавӣ мебошад. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарвардатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрӯз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайрав Изатуллозода, бо суханронии пурмуҳтаво дар мавзуи “Заминаҳо, давраҳо ва аҳаммияти таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Изатуллозода П. маърузаи худро бо тафсири якчанд боб ва моддаҳои Конститутсия ҳусни анҷом бахшиданд. Бахшида ба 31 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лавҳа-намоиш пешниҳоди ҳозирин гардида дар охир бо садо додани суруди миллӣ ба анҷом расид.