3 октября 2026
Санаи 13 октябри соли 2025 дар толори меҳмонхонаи Ҳилтон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оид ба мавзуи “Беҳтар кардани ғизо тавассути ҷалби сармоягузориҳо барои мудохилаҳои системаи ғизои ҳассос дар Тоҷикистон” бо иштироки Кумитаи роҳбарикунанда аз ҷониби Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) конфронс баргузор гардид. Дар ҷаласа Кумитаи роҳбарикунанда ва ҳамаи шарикон, аз ҷумла намояндагони Вазоратњои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату муассисаҳои дахлдори кишвар иштирок доштанд. Конфронсро муовини аввали раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода М.Ш. ифтитоҳ намуда, оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуданд. Номбурда, иброз доштанд ки: “масоили рушди низоми озуқаворӣ дар миқёси ҷаҳонӣ хеле мубрам маҳсуб гардида, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Маҳз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастгирӣ ва ҳамкории муштарак метавонад, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаи босифат ноил гардад. Сипас, дар нишаст Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, хонум Парвати Рамасвамӣ ва Роҳбари барномаҳо дар БОҶ Мария Светкова суханронӣ намуда, роҳҳои беҳтар кардани ғизо тавассути ҷалби сармоягузориро қайд ва тавассути слайдҳо ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Дар фарҷом, таъкид гардид, ки ҳадафи амалӣ намудани конфронси мазкур беҳтар намудани ғизо тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои гуногун ва бунёди ҷомеаи солим мебошад.