Бо мақсади расонидани муҳтаво и Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, санаи 3 феврал соли ҷорӣ вохӯрии Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти…
Бо мақсади расонидани муҳтаво и Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, санаи 3 феврал соли ҷорӣ вохӯрии Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сайлиобод ва Лахш баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуда, вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад карданд. Ҳамчунин масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷом миёни масъулин ва сокинон саволу ҷавоби озод сурат гирифта, ба дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дода шуданд