Санаи 29 январи соли 2026 дар ноҳия бо як шукуҳу шаҳомати хос Ҷашни Сада баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиаҳо ва сокинону ҷавонон ҳузр доштанд. Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода К.К., дар суханронии хеш, тамоми сокинони ноҳияро бо ҷашни Сада табрик намуда, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории шаҳрвандони ноҳияро аз сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон арзёби намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи кишоварзони ноҳия махсулотҳои полезӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, техникаҳои хоҷагиҳои қишлоқ ва тухмиҳои зироатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Барои иштироки фаъолона ва ба дастовардани ҳосили хуб ба Сипоснома ва тӯҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қадрдони карда шуд.
Дар охир барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.