Боиси ифихори мост, ки гузаштагони некноми мо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бойу рангини башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Бо шарофати ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон –Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо пешниҳоду ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннатҳои аҷдодиамон аз нав эҳё гардида, бо як шукӯҳу шаҳомати хоссаи идона, ҷашн гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, боиси хушнудию сарфарозист, ки суннату анъанаҳои неки миллии мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шуда, 12 декабри соли 2023 ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид боз як иди мардуми форсизабон – «Ҷашни Сада»-ро ҳам ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият, ворид кард.
Худи вожаи «Сада», аз адади 100 гирифта шуда, 50 шабу 50 рӯзи боқимонда то иди Наврӯзро дар бар мегирад.
Дар Тоҷикистон ҷашни Сада ҳар сол охири моҳи январ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Мазмуни асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рушноӣ ва гармӣ буда, таҷассумгари андешаҳои инсондустӣ ва бузургдошти табиат мебошад.
Дар ёдгориҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекарданд.
Ҳадафи мардум аз баргузории он, оғоз намудани омодагиҳо ба кишту корҳои саҳроӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти анъанаҳои қадимӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз эътироф гардидааст.
Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Ниёгони мо, пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шоху навдабурӣ ва ба тартиб овардани дарахтон ва гулу буттаҳо машғул мешуданд.
Ин суннати неки ниёгонро, мо бояд идома диҳем, зеро ҷашни Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарин иди суннатии мардумӣ мебошад ва чун ойини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад.
Деҳқонон дар минтақаҳои нисбатан гарм ба тоза кардани ҷуйбору каналҳо ва боғодорон бо ниҳолшинониву ба тартиб даровардани дарахтон шуруъ мекунанд ва техникаи кишоварзиро ба мавсими кишту кор, омода месозанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси аҷдодии худ онро соҳиби кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллӣ ба мерос гузорем.
Бо таманнои ҳамин орзую ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар симои Шумо кулли кишоварзони мамлакатро бо фарорасии ҷашни Сада самимона табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию сарбаландӣ ва дар омодагӣ ба корҳои саҳроӣ комёбию файзу баракат, фаровонии ҳосил, муваффақият ва барори корро орзумандам.
Ҷашни Сада муборак ҳамдиёрони азиз!