Имрӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни миллии Тиргон бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, кишоварзон ва сокинону меҳмонони пойтахт бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар доираи ҷашн намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои соҳавӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ муаррифӣ гардиданд. Зимни боздид аз гушаи намоишии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо дастовардҳо шинос шуда, зикр гардид, ки Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, рамзи фаровонӣ, ҳосили фаровон, эҳтиром ба меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Барномаи фарҳангии иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идонаро дар байни иштирокдорон таъмин намуд.