Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хабари даргузашти фоҷиабори муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд, сахт андӯҳгин мебошад.
Дар ин робита, аҳли роҳбарият ва кормандони Кумита ба хонавода, пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқи худро баён менамоянд.