Воҳиди Махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр
Санаи таваллуд: 1 январи соли 1964,
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми марти соли 1991.
Трудовая деятельность:
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобилии гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори шуъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори Муассисаи нақлиётии РКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми марти соли 2017 то 10-уми сентябри соли 2020 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт.
Саидзода Маҳмадсаид Борон санаи 12-уми июли соли 2023 ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.