Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд: Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой; 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии…
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин
ОЗМУН эълон менамояд:
- Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнат аз рӯйи ихтисос;
- Маоши мансабӣ – 2641,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнат аз рӯйи ихтисос;
- Маоши мансабӣ – 2641,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 2 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнат аз рӯйи ихтисос;
- Маоши мансабӣ - 2154,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнат аз рӯйи ихтисос;
- Маоши мансабӣ – 2154,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой;
- Маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
- Маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой.
- Маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 3 сентябри соли 2026 оғоз гардида, рӯзи охирини қабул 24 сентябри соли 2026 мебошад. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бӯстон -3, телефон барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225 - 08 –16 e-mail: forestry - gencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj