Дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла, 3 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамоиши идона бо…
Дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла, 3 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамоиши идона бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ва дигар роҳбарону масъулон баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Абдуҷаббор Юсуфзода сокинону меҳмонони ноҳияро ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.
Таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо санаи тақвимӣ набуда, балки рӯйдоди муҳими таърихӣ ва рамзи соҳибдавлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, пойдории низоми конститутсионӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар давоми сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурпечутобу пуршарафи давлатсозиро тай намуда, имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу сулҳпарвар ва дорои мавқеи арзанда дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Абдуҷаббор Юсуфзода изҳор дошт, ки Истиқлол бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ба даст омада, дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар корҳои бузург анҷом дода шуданд.
Зикр гардид, ки ба шарофати сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ имрӯз шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушд намуда, Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба марҳилаи нави созандагиву ободонӣ ворид шудааст. Дар ноҳия соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа рушд карда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои созанда амалӣ мешаванд.
Дар ин раванд саҳми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад. Аз ҷониби Агентӣ дар ноҳия як қатор корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида, аз ҷумла, беш аз 300 гектар замини деҳаи Падаски Ҷамоати деҳоти Лангар обёрӣ карда мешавад. Ҳамзамон, барои рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон корҳои дигар низ идома доранд.
Вусъат гирифтани корҳои ободониву созандагӣ ба иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии бевосита дошта, соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин иқдом ба густариши корҳои созандагиву ободонӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлол мусоидат менамояд.