Аз 28 июл то 2 августи соли 2026 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Барномаи байналмилалии омӯзишӣ оид ба технологияҳои ҳифзи хок, захираҳои об ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор…
Аз 28 июл то 2 августи соли 2026 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Барномаи байналмилалии омӯзишӣ оид ба технологияҳои ҳифзи хок, захираҳои об ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Барномаи мазкур аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ҷаноби Ван Цзисинь, муовини директори генералии Раёсати хоҷагии ҷангал ва захираҳои чарогоҳи Нинся-Хуэйи ноҳияи мухтори Чин, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори барнома намояндагони Маркази ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ, Донишгоҳи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали шимолу ғарбии Чин, Донишгоҳи Нинся, Раёсати хоҷагии ҷангал ва захираҳои чарогоҳи Нинся-Хуэйи ноҳияи мухтори Чин, инчунин намояндагони муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал ва дигар ташкилоту ширкатҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар доираи барнома лексияҳои мавзӯӣ, мубоҳисаҳои коршиносӣ, муаррифии таҷрибаи пешқадам ва боздидҳои омӯзишӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба ҳифзи хок ва захираҳои об, мубориза бар зидди биёбоншавӣ, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории барномаи мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои соҳавии Тоҷикистон ва Чин, рушди мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.