Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассаиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳиҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 тибқи амри…
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассаиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳиҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2026, №26/10-814 тасдиқ шудааст, санаи 14-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал намояндаи Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Самиев Алишер иштирок намуд.
Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Шарифзода Давлаталӣ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумот доданд. Зимни суханронӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои низоми он дар нимсолаи якуми соли 2026 манзур карда шуд.
Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба ҷангазорҳо, амалисозии барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, Барномаи рушди парвариши павловния барои солҳои 2024-2028, Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳаи хоҷагии ҷангал посухҳои мукаммал дода шуданд.