Намоишгоҳ дар Боғи Ирам
Бале, он чанд лаҳза намоиши маҳсулоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони зиёд ва намояндагони 18 давлати дунёро ба диққат оварда буд. Ҷаласаи 14-уми Асамблеяи Созмони Осиё ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал, ки рӯзҳои…
Бале, он чанд лаҳза намоиши маҳсулоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони зиёд ва намояндагони 18 давлати дунёро ба диққат оварда буд.
Ҷаласаи 14-уми Асамблеяи Созмони Осиё ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал, ки рӯзҳои 3-4- уми июн дар толори тарабхонаи “Кангурт” доир гардид, намояндаҳои 18 давлати дунёро ба ҳам гирд овард. Имрӯз баъд аз зуҳр ҳайати намояндагон дар боғи Ирам аз намоиши маҳсулоти муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ, ки масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гӯшаи ин боғро ба амсоли “Муҳити як деҳа” оро дода буданд, дидан намуданд. Маҳсулоти ба маърази тамошо гузошташуда, ки намунае аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ буд, меҳмононро басо писанд омад. Хусусан лаҳзаҳое, ки хоҳари кадбону нони чапотиро ба танур мечаспонду гашта аз он бармеканд, намояндагии давлатхои хориҷаро хеле хуш меомад ва бо иштиҳо аз ин нонҳои гарм тановул мекарданд. Растаи ҳунарҳои мардумӣ ба гунае ороиш ёфта буд, ки ҳамагӣ аз дидану тамошои он чашми серӣ надоштанд.
Чун хабарнигорони дохилӣ аз намояндаҳо ва меҳмонони кишварҳое ба монанди Корея, Канада, Индонезия, Филипин ва дигарон савол мекарданд, ки таассуроти хешро аз ҷараёни ин Асамблея ва намоиши маҳсулоти хочагии ҷангали ҷумҳурӣ бигӯянд, ҳамагӣ бо қаноатмандӣ ибрози андеша менамуданд. Ва хушбахтона хулосаи ҳар кадоми онҳо аз ин чорабинӣ басо хуб мусбат арзёбӣ мешуд. Якеро лутфу эҳтироми ташаббускорони ин Асамблея - Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омада бошад, дигареро меҳмоннавозии мардуми тамаддунофари тоҷик ба риққат овардааст, сеюмӣ аз маҳсулоти бою серғизо ва табии Тоҷикистон ҳарф мезаду чорумиро ҳунарҳои мардумии бонувони тоҷик мафтун намуда буд.
Иштирокчиёни намоиш шоҳид буданд, ки меҳмонони хориҷӣ чи сон ба кайфият ва завқи том аз маҳсулоти тару тоза ва анвои ширинию гиёҳҳои шифобахш ком ширин менамуданд ва барои хонавода аз ин гулу гиёҳу нушобаю чапотиҳо туҳфа мегирифтанд. Ва ин манзараҳо бори дигар исбот менамуд, ки Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода дар давраи кутоҳи фаъолияти худ хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистонро бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён муаррифӣ карда тавонист.
Баҳои воқеии иштирокчиёни ин Асамблея ва боздиду таассуроташон аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ бозгӯи гуфтаҳои боло буд.
Рустами Назир