eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Ҷаласаи васеъ оид ба иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
Главная
More
Агентство лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан
Новости
Ҷаласаи васеъ оид ба иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
17 апреля 2026
Ҷаласаи васеъ оид ба иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
17 апрели соли 2026 дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба мониторинги раванди иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар…
Previous slide
Next slide
17 апрели соли 2026 дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба мониторинги раванди иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ дар асоси пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия доир шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсия капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб ва нозири ҳамин Раёсат капитани адлия Раҳимзода Абдураҳим, инчунин роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти умумии ҷомеа буда, иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванд дар ин самт муҳим мебошад.
Дар анҷом, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба раванди иҷрои стратегия ва тадбирҳои пешгирикунанда дар самти мубориза бо коррупсия суханронӣ намуданд.
Единый портал государственных услуг
Правительство Республики Таджикистан
Президент Республики Таджикистан
Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан
Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан