Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми модарону бонувони гиромиқадри кишварро ба муносибати Рӯзи Модар бо эҳтироми хоса ва самимияти баланд табрик менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,…
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми модарону бонувони гиромиқадри кишварро ба муносибати Рӯзи Модар бо эҳтироми хоса ва самимияти баланд табрик менамояд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Модар рамзи меҳру муҳаббат, сарчашмаи зиндагӣ ва нерӯи бузурги тарбияи насли солиму созанда мебошад.»
Бузургони мо низ мақоми баланди модарро чунин васф намудаанд:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Имрӯзҳо занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Модар нерӯи бузурги маънавии ҷомеа буда, меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва ҳикмати зиндагиро ба наслҳо меомӯзонад. Бо ҳузури модар ҳар хонадон гармӣ, файзу баракат ва саодат пайдо мекунад.
Бо таманнои саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои рӯзафзун ба ҳамаи модарону бонувони кишвар хушбахтӣ ва сарбаландӣ орзу менамоем.
Рӯзи Модар муборак бод! 