Санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ дар мавзуи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030"баргузор гардид.
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 — санади муҳими давлатӣ мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №167 аз 30 апрели соли 2021 қабул кардааст. Ин санад дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани баробарӣ миёни мардон ва занон таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ дар даврони истиқлолият барои занон ин таҳияи ва қабули қонунгузорӣ дар ҷодаи баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа чунин таъкид намуданд: “Зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӣ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ҳамчунин, фаъолгардонии нақши занон ва ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Бо дарназардошти зарурати ин масъала дар ҷумҳури Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолатҳои баробари амалигардонии онҳо”, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул гардидааст.
Зикр намудан бо маврид аст, ки Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар Паёми навбати дар бунёди эъмори ҷомеаи муосир ва рушди давлат дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки занон ҳамчун нерӣи созанда дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ, дар рӣҳияи ватандӣстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, сару либос ва пешгирии ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҳаракатҳои номатлуби ҷавонон вобаста ба масоили ифротӣ ва зидди манфиатҳои ҷомеадошта саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӣи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон
мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, аз ин рӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ба рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд.
Татбиқи қонунгузории миллӣ оид ба баробарии гендерӣ дар ҳама сатҳ шарти муҳимми иштироки пурраи занон дар ҳаёти ҷомеа буда, ҳамчун заминаи ҳатмии ҳуқуқӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хидмат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хосса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳури 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тибб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил мекунад. Ҳоло дар ҷумҳури яксаду даҳ ҳазор соҳибкорон аз ҳисоба занон мебошад.
Вобаста ба ин, қайд намудан зарур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз дусаду ҳаштод ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро (МТОК) хатм намуданд. Яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз ҳисоби квотаҳои Президентӣ бошад, дар ин давра яъне дар бистуҳашт (28) соли охир ёздаҳ ҳазору шашсад нафар духтарони аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро (МТОК) бо квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) хориҷи кишварро хатм карда соҳиби маълумот шудаанд. Ҳоло аз дусаду чордаҳ ҳазор нафар донишҷӣёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) кишвар навад ҳазор ё 42%-ро духтарон ташкил медиҳад.
Рақамҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки мақоми занон дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардошта шуда, барои онҳо шароити муносиби фаъолия фароҳам оварда шудааст
Хулоса, занони шарафманд ва сарбаланди тоҷикро месазад, ки ба саҳифаҳои фоҷиабори миллат назар афканда дар радифи шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар замони бархӣрди абарқудратҳо ва тамаддунҳои гуногуни олам саҳми арзишманди худро барои пешравии давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.
Мо бояд бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мафкураи миллии халқи хеш пайваста саҳмгузор бошем.