Рӯзи 9-уми июни соли 2026 бо ташаббусти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии…
Рӯзи 9-уми июни соли 2026 бо ташаббусти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» баргузор шуд.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо суханони ифтитоҳии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ва Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода оғоз ёфт.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар самти таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, рушди қонунгузории миллӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, танзими ҷашну маросим, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш олимону коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ доир ба масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, таъмини озодиҳои эътиқодӣ, такмили қонунгузории миллӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, аҳаммияти иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои конференсия барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.
Пас аз анҷоми Конференсия иштирокдорон ба хотири гиромидошти хотираи таърихии фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба оромгоҳи “Лучоб” рафта, ба оромгоҳи ин қаҳрамонон гулчанбар гузоштанд ва поси эҳтиром ба ҷой оварданд.