10 сентября 2026
Кормандони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр дар ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиш зиёда аз 20 ҳазор нафар масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад. Парчам дар радифи дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.
.