eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Главная
More
Комитет по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан
Новости
Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 ноября 2025
Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
14-уми ноябр дар Кумита ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти Кумита таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро…
14-уми ноябр дар Кумита ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти Кумита таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро рамзи арҷгузорӣ ба хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар самти таҳкими пояҳои истиқлол, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди тамоми бахшҳои ҳаëти кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар идома Зубайдулло Давлатов, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиë ва Аврупои АМИТ дар мавзуи "Пешвои миллат - бунëдгузори давлати миллӣ" суханронӣ намуд.
Зубайдулло Давлатов аз ҷумла зикр кард, ки таҷрибаи давлатдории Сарвари давлати мо имрӯз аз ҷониби чандин кишвари ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дорад. Таъкид шуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони муҳаббату садоқати тамоми мардуми мамлакат ба Пешвои миллат мебошад.
Дар охир миёни кормандони Кумита перомуни ташаббусу иқдомҳои шоёни милливу байналмилалии Президенти кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Министерство внутренних дел Республики Таджикистан
Генеральная Прокуратура Республики Таджикистан
Министерство юстиции Республики Таджикистан
Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан
Министерство образования и науки Республики Таджикистан
Агентство по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан
Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан