Ҷаҳони муосир шоҳиди густариши бесобиқаи истифода аз маводи мухаддир гардидааст, ки ин раванд нигарониҳову ташвишҳои ҳукуматҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалиро рӯз ба рӯз зиёд мегардонад.
Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, соли 2022 дар саросари ҷаҳон тақрибан 292 миллион нафар, ё худ ҳар 18-ум нафар сокини сайёра маводи мухаддир истеъмол кардаву ин нишондод назар ба даҳ соли қабл 20 дарсад зиёдтар будааст. Ҳамчунин танҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2022 беш аз 107 ҳазор нафар аз истифодаи барзиёди маводи мухаддир ҷон бохтаанд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд.
Нашъамандӣ танҳо як беморӣ нест, буҳрони ахлоқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ аст. Балки фоҷиаест, ки инсониятро ба кӯи нобудӣ мебарад. Нашъаманд танҳо ҳаёти худро намесӯзад, балки оромишу субот ва низоми ҷомеаро барҳам мезанад. Дар ҷомеае, ки шумори гирифторон ба маводи мухаддир зиёд мегардад, ногузир ҷинояткорӣ низ меафзояд, фурӯпошии оилаҳо бештар мешавад, талоши ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва омӯхтани касбу ҳунар коҳиш меёбад. Нашъаманд ҳар рӯз барои чанд грамм нашъа омода аст ба хонаи касе даромада, дузбӣ кунад, дурӯғ гӯяд, ҳатто даст ба куштани инсони дигар занад, дар ҳолати бегонагӣ аз ақл ба ҳану фразандону пайвандонаш зулм кунад, ҳатто онҳоро бифурӯшад. Зеро нашъаманд бо гузашти замон шахсияти худро аз даст медиҳад. Ӯ дигар наметавонад меҳрубонӣ кунад, наметавонад масъулият эҳсос намояд, ва ҳатто хатар ба худ ва дигаронро намефаҳмад. Инсонеро, ки дар орзуҳояш ҷаҳонро дигар кардан мехост, нашъа ба як ғулом ва шахси танбал табдил медиҳад.
Дар замони муосир зери мафҳуми «нашъа» ва ё «маводи мухаддир» маводҳои табиӣ ё кимиёвие дониста мешавад, ки истеъмоли онҳо боиси вобастагии ҷисмонӣ ва равонӣ дар инсонҳо мегардад.
Маводи мухаддирро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим кардан мумкин аст:
1. Табиӣ – афюн, банг, ҳашиш, кукнор, баргҳои кока, эфедра ва ғайра;
2. Нимсинтетикӣ – героин, кокаин, морфин ва ғайра, ки бо коркарди кимиёвии маводи табиӣ ҳосил мешавад;
3. Синтетикӣ – фентанил, амфетамин, экстази, спайс ва дигар намудҳои маводи психотропӣ, ки дар озмоишгоҳҳо сохта мешаванд ва таркиби онҳо ҳамеша тағйир меёбад.
Солҳои охир афзоиш ёфтани гардиши маводи синтетикии психотропӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон ва майли ҷавонон ба ин навъи маводи мухаддир боиси нигаронии зиёд шудааст. Коршиносон ин равандро ба арзиши камтар доштани маводи синтетикӣ назар ба афюну героин медонанд. Маводи психотропии синтетикӣ, ки бештар ба шакли ҳаб омода мешавад ва онро “ҳабҳои ранга” ҳам мегӯянд. Ба зоҳир чун як қандчаи рангин ё як қатра, аммо дар асл барои ҷавонон охирон ранги зиндагӣ ва охирон қатраи нишоту ҳаёт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам гарчанде дар соли 2024 дар маҷмуъ мусодираи маводи нашъадор миқдоран кам гардидааст, лекин мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ нисбат ба соли 2023 59 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин ба он маънист, ки “ҳабҳои марговар” ба бозорҳои кишвари мо ҳам роҳ ёфтаанду бояд ҷавононро аз хатари вабои нашъамандӣ бештар огоҳ намоем.
Нашъамандон шахсоне ҳастанд, ки мо онҳоро ба содагӣ “гунаҳкор” мехонем. Бисёри онҳо бо орзуҳои бузург, бо қудрати зеҳнии фавқулода ба дунё омадаанд. Метавонистанд беҳтарин муҳандис, олими варзида ва ё падари меҳрубон шаванд. Аммо фақат як иштибоҳ, як қадам, як ҳавас... ва ҳама орзуҳояшон ба боди фано рафтааст.
Чӣ гуна метавон ин сели харобкорро боздошт? Нашъамандӣ душмани ором ва ноаён аст. Он тадриҷан қадам ба қадам вориди ҳар хона гашта метавонад — бе садо, бе иҷозат. Танҳо бо як пешниҳоди сода ба фарзанди шумо: “Фақат як бор бисанҷ!” Ва ҳамон “як бор” кофист, ки қасри саодати як оила комилан фурӯ пошад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа маҳкамтарин сад пешорӯи ин сели харобиовар аст. Мактаб, оила ва ҷомеа вазифадоранд, ки бо шеваҳои муассир ва муосир наврасонро аз оқибатҳои даҳшатбори нашъамандӣ огоҳ созанд. Таҳдид ва тарсондан кор намекунад. Он гуна, ки Зигмунд Фрейд, бунёдгузори илми равоншиносӣ, қайд мекунад:
“Одамонро наметавон аз роҳи таҳқир ислоҳ кард. Фақат муҳаббат метавонад шахсиятро дигар созад».
Омилҳои аслии майли ҷавонон ба маводи мухаддирро равоншиносон чунин баршумурдаанд:
– Дар оилаҳои сарватманд ба воя расидан ва бештари вақти худро ба хушгузаронӣ бахшидан;
– Дар бораи зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъадор маълумот надоштан;
– Аз варзиш ва тарзи ҳаёти солим дур будан;
– Дастрасии осон пайдо кардан ба маводи мухаддир;
– Пайвастан ба ҳалқаи ҷавонони нашъаманд.
Аз ҳамаи ин сабабҳо омили дуюм бештар боиси аз даст рафтани ҳаёти ҷавонон мегардад. Зеро, он гуна, ки дар боло ҳам зикр кардем, ҳеҷ кас фикр намекунад, ки бо як ё ду бори исифода бурдан аз маводи мухаддир, махсусан истеъмоли ҳабҳои синтетикӣ, вай нашъаманд мешавад. Баъзе аз ҷавонон меандешанд, ки барои “лаззату сафо” чанд бор нашъа истеъмол кунанд ҳеҷ гапе нест. Аммо онҳо намедонанд, ки аксари нашъамандоне, ки акнун дар ҳолати вазнин қарор доранду охирин рӯзҳои худро мегузаронанд, дар сухбат ба коршиносон гуфтаанд, ки айнан чунин фикр доштаанд. Яъне маводи мухаддирро танҳо барои лаззат бардоштан истифода бурдаву худашон нафаҳмида монданд, ки чӣ гуна ба доми ин бало ё вабо афтодаанд.
Лаззате, ки баъзе аз афроди нодону фиребхӯрда дар маводи нашъадор мебинанд, чист? Баъди истифодаи героин гармони дофамин дар майнаи сар афзоиш меёбад ва инсон бари як муддати кӯтоҳ эҳсоси оромиш ва сархушӣ мекунад.
Зумраи дигар мегӯянд бо истеъмоли маводи мухаддир ғаму дарду ранҷи худро дур кардан мехоҳанд. Аммо магар бо нашъа мушкили шумо осон мешавад ва ин роҳи раҳоӣ аз мушкил аст? Албатта, не. Танҳо баъди истифодаи нашъа шумо лаҳзае чанд мушкили худро фаромӯш мекунед, чунки аз ақл бегона мешавед. Дар он дам на танҳо мушкил, балки падару модару зану фарзанд ҳам аз ёдатон меравад ва ба чашматон наметобад. Аммо “Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ...”
Мақоми ваколатдори соҳа - Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои истеъмоли маводи нашъадор, пешгирӣ аз ин вабои аср, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба таври мунтазам вохӯрию мулоқот, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мегузаронад. Аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд боз ҳам бештар карда шаванд.
Бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки умр ҳадяи худовандист ба ҳар инсон ва бояд ҳар лаҳзаи онро ғанимат дониста, коре кунем, ки нафъамон ба наздиконамон ва ба ҷомеа бирасад. Ба ҷавонон бояд таъкид намоем, ки инсон бояд ҳамеша ба мушкилиҳо омода бошад ва дар баробари ҳеҷ душворӣ таслим нашавад. Баракс, ҳамин гуна мушкилоти рӯзгор боис мегарданд, ки инсон ташаккул ёбад. Юсуф ҳам пеш аз он ки Азизи Миср шавад, аввал ба қаъри чоҳ рафт. Бояд талқин кунем, ки насли ояндасози кишвар ба заҳмату талош ва ҷустуҷӯву такопӯ одат бикунанд, бикӯшанд, ки ки илм омӯзанд.
Боиси хушҳолист, ки ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ дар кишвар 4014 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ин миқдор нисбат ба соли 2023 146 нафар ё худ 3,5 фоиз камтар мебошад. Ин омор воқеан хушҳолкунанда аст. Агар ба дуртар назар афканем, дар соли 2008 дар Тоҷикистони азизи мо 8645 нафар нашъаманд сабтином шуда буданд, дар соли 2022 4381.
Ҳамчунин аз соли 2000 ба ин тараф дар Тољикистон теъдоди ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сол то сол коҳиш меёбанд ва дар ин дастовард саҳми кормандони Агентӣ назаррас мебошад.
Ин арқом баёнгари онанд, ки талошҳои Ҳукумати кишвар, мақомоти ваколатдори соҳа ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир миёни ҷомеа натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.
Аммо бояд бигӯем, ки барои миллати фаррухнажоди тоҷикон, ки бузургонаш тарбиятгарони башаранд, ҳатто як нашъаманд зиёд аст. Мо бо фарҳангу одоби ҳамида ва инсонияту накукориямон шуҳраи олам гардидаем ва бояд тухми манҳуси нашъамандиро батамом аз хоки кишвар бирӯбем.
Муслиҳиддин Хоҷамирзода,
сармутахассиси Кумита,
номзади илмҳои филологӣ