Имрӯз мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашне қарор доранд, ки воқеан, барои миллату давлат сарнавиштсозу таърихмон аст. 34 сол муқаддам бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» истиқлоли сиёсӣ ва давлатии давлати Тоҷикистон расман эълон гардида, ин рӯйдод сарнавишти миллат ва мардуми кишварро ба куллӣ тағйир дод.
Истиқлоли давлатӣ тули ин ҳама сол таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол устувор гардида, миллати куҳанбунёд ва фарҳангофарини мо имконият ёфт, ки таърих, адабиёт, фарҳанг ва нақши фарзандони барӯманди худро дар ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Илова бар ин, дар идомаи даврони соҳибистиқлолӣ чашми мардуми мо дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ кушода гардид.
Аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол гаштани давлати мо муддати тулонӣ сипарӣ нагашта, вале мо аллакай дастовардҳои шоён дорем. Сарвари давлати тозаистиқлоламон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар муддати кӯтоҳ давлату миллатамонро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Овози Сарвари давлати моро аз минбарҳои як қатор ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мардуми олам шунидаву тоҷиконро чун мардуми закӣ ва бохирад эътироф намуданд. Дар симои Сарвари давлати тоҷикон ҷаҳониён тоҷикистониёнро ҳамчун мардуми бофарҳангу фозил, меҳмондӯсту бо руҳияи бунёдгаро шинохтанд. Мустақилият ба мардуми Тоҷикистон эътимод бахшид, онҳоро руҳбаланд сохт, ба корҳои созандагиву бунёдкориҳо талқин намуд.
Мардуми бофарҳангу хирадманди Тоҷикистон ҳамеша ба ояндаи дурахшон умед дошту минбаъд низ ба фардои худ назари нек дорад. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки бо хотири нигаҳдошти Истиқлоли давлатиамон ва таъмини устувории пояҳои давлатдорӣ фарзандони содиқи миллату давлат бошем, аз ҷиҳати маънавӣ бедору ҳушёр буда, бетафовутиро як сӯ гузорем ва бо дилу нияти соф бо хотири ояндаи худ ва миллат, ободии диёрамон, рушди кишварамон ҳиссаи худро гузорем. Ин нияти нек бояд иродаи моро роҳнамоӣ кунад, зеро ояндасозу сарнавиштсози халқи кишвар ва миллат танҳо худи моем, дар ин роҳ каси дигар моро беғаразона дастгирӣ нахоҳад кард.
Ҳамакнун давлату миллати мо роҳи дуруст ва салоҳи кори хешро пайдо кардааст. Агар минбаъд низ, мо дар фикри салоҳи кори хеш бошем ва дар ин замина кӯшиш намоем, дастовардҳои мо аз ин ҳам бештар хоҳанд гашт ва дар сояи Истиқлоли Ватани маҳбуб рушду пешрафти бештаре хоҳем дошт.
Олимҷон СОЛИҲЗОДА,
мудири бахши дин ва танзими ҷашну
маросими мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода