Дар асоси нақшаи кории Кумита рӯзи 2 сентябр назорат ва омӯзиши фаъолияти комиссияи ҷамъиятии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни санҷиш ба масъулони комиссияи ҷамъиятии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ ва риояи татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, пешгири аз зиёдаравию исрофкорӣ ва камхарҷ гузаронидани тӯйю маъракаҳо суҳбату машваратҳои методӣ дода шуд.