Аҳамияти дефолятсия ва десикатсияи зироати пахта. Таъсири он ба ҳолати кимиёвӣ, биологӣ ва физикии хок
Дефолятсия ва десикатсия усулҳои муҳими кимиёвии омодасозии зироати пахта ба ҷамъоварии ҳосил буда, раванди пухтарасиро метезонад, сифати наҳро беҳтар ва ҷамъоварии механикиро осон мекунанд. Дар пахтазор дефолятсия одатан ҳангоми кушода…
Дефолятсия ва десикатсия усулҳои муҳими кимиёвии омодасозии зироати пахта ба ҷамъоварии ҳосил буда, раванди пухтарасиро метезонад, сифати наҳро беҳтар ва ҷамъоварии механикиро осон мекунанд.
Дар пахтазор дефолятсия одатан ҳангоми кушода шудани 50-60%-и кӯракҳо гузаронида мешавад. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво набояд аз 17-20°C паст бошад, зеро дар ҳарорати паст (аз 15°C поён) таъсири препарат суст мешавад.
Меъёри маҳлули корӣ: Вобаста ба намуди трактор ва таҷҳизоти дорупошӣ, барои 1 гектар одатан 200-300 литр маҳлули корӣ сарф мешавад (дар ҳолати коркард бо агродронҳо ин меъёр 25-50 л/га ташкил медиҳад). Бояд қайд намуд, ки пошидани маҳлулро бо агродронҳо амалӣ карда шавад беҳтар мебошад. Зеро агродронҳо маҳлули кориро бо заррачаҳои майда (микронейронҳо) ба майдон мепошад, ки ҳамаи маҳлул асосан ба растанӣ расида, ба хок бо миқдори ночиз ё ин ки тамоман намерезад. Меъёри худи препарат вобаста ба навъи он муайян мегардад (мисол Дропп 500 – 0,15-0,25 л/га, Августин (Тидиазурон+Диурон) – 0,2-0,3 л/га, Фолиар (ё дигар препаратњо дар асоси Этефон) – 1,5-2,5 л/га, Хлорат магний – 7,0-10,0 л/га).
Десикатсия ин хушккунии пурра ва сунъии бофтаҳои растанӣ буда, одатан вақте гузаронида мешавад, ки ҳосил қариб пурра пухтааст (70-80%), аммо намии растанӣ барои ҷамъоварӣ зиёд аст. Барои пахта ин усул ҳангоми дер мондани ҳосил ва хавфи сармо истифода мегардад.
Меъёри маҳлули корӣ барои як гектар монанди дефолятсия буда, меъёри худи препаратҳо ду баробари меъёрҳои дефолятсия мебошад.
Нозукиҳои муҳими раванди коркард:
• Вақти пошидан: Коркард бояд пагоҳӣ (баъди хушк шудани шабнам) ё бегоҳӣ гузаронида шавад. Нурҳои ултрабунафши офтоб дар нимарӯзӣ маҳлулро зуд бухор карда, самаранокии онро паст мекунанд.
• Боришот: Аксари препаратҳо талабот доранд, ки баъди пошидан камаш 4-6 соат борон наборад, то ки маҳлул шуста нашавад.
Сифати пошидан: Барои натиҷаи баланд, маҳлул бояд тамоми сатҳи растанӣ, аз ҷумла қабатҳои поёниро пурра фаро гирад. Истифодаи насадкаҳои дурусти дорупошак ва назорати суръати шамол (на бештар аз 3-4 м/с) шарти ҳатмист.
Пошидани дефолиантҳо ва десикантҳо, гарчанде ҷамъоварии ҳосилро осон ва тез кунад ҳам, ба хок ва сохтори он як силсила таъсири манфии кимиёвӣ, биологӣ ва физикӣ мерасонад.
Таъсири ин моддаҳо ба хоки майдони пахта асосан дар самтҳои зерин зоҳир мешавад:
1. Паст шудани фаъолияти микробиологии хок:
• Нобудшавии микроорганизмҳои фоиданок: Препаратҳои кимиёвӣ (асосан пайвастагиҳои хлоратҳо, тидиазурон ё дикват) ба хок афтида, бактерияҳои азотфиксатор, занбӯруғҳои микориза ва микроорганизмҳои гумусҳосилшкунандаро мекушанд.
• Кам шудани кирмҳои лойхурак: Дефолианту десикантҳо барои кирмҳо ва дигар мавҷудоти зиндаи хок моддаҳои заҳролудкунанда буда, микрофаунаи хокро суст мекунанд. Аз ин сабаб, раванди табиии мулоимшавӣ ва ҳавогирии хок вайрон мешавад.
2. Таъсир ба сохтори хок ва пайдоиши шӯршавӣ:
• Ҷамъшавии намакҳои заҳрнок. Аксари дефолиантҳои арзон ва васеъ паҳншуда (масалан, хлорати натрий ва хлорат-хлориди магний) дар таркиби худ намакҳои хлордор доранд. Истифодаи солҳои дарози онҳо ба ҷамъшавии ионҳои Na⁺ ва Cl⁻ дар қабати шудгоршавандаи хок оварда мерасонад, ки ин сабаби шӯршавии сунъии хок мегардад.
3. Сӯхтани гумус ва пайвастагиҳои узвӣ: Сӯзиш ва таъсири сахти кимиёвии ин маҳлулҳо раванди минбаъдаи пӯсидани решаҳои боқимондаро халалдор карда, боиси кам шудани миқдори гумус (моддаҳои узвии хок) мегардад.
4. Таъсир ба зичшавии физикии хок:
• Вайрон шудани сохтори ковокӣ. Баъди пурра нобуд шудан ё рехтани баргҳо ва суст шудани фаъолияти биологии хок, қабати болоии хок зери таъсири нури мустақими офтоб зуд хушк ва сахт мешавад.
• Таъсири техникаи вазнин. Дефолятсия ва десикатсия асосан барои он гузаронида мешаванд, ки чиниш бо мошинҳои пахтачинак (комбайнҳо) гузаронида шавад. Гузаштани мошинҳои вазнин дар шароите, ки хок фаъолияти биологии худро аз даст додааст, боиси сахт зич шудани қабати зери шудгор (плужная подошва) мегардад.
5. Ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ва шусташавӣ:
• Моддаҳои кимиёвии дар қабати болоии хок боқимонда ба зудӣ таҷзия намешаванд. Ҳангоми обёрии аввалини тирамоҳӣ ё боришот, ин заҳрхимикатҳо ба қабатҳои поёнии хок ва обҳои зеризаминӣ гузашта, сохтори гидроэкологии обу хокро ифлос мекунанд.
Чӣ бояд кард?
Усулҳои кам кардани зарар, чорабиниҳо барои барқарор кардани хок баъди истифодаи дефолиантҳо ва десикантҳо:
1) Дар навбати аввал гузаронидани сидератсия бо кишти ҷавдор, рапс, перко ва ғайра;
2) Ворид намудани поруҳои маҳаллӣ: агар поруи чорвои калони шохдор бошад бо меъёри на кам аз 35-40 т/га ё ин ки поруи парранда бошад бо меъёри 20-25 т/га;
3) Истифодаи биопрепаратҳо (барои зинда кардани микрофлора ба монанди Ризоторфин, Азотобактерин, Фосфотобактерин ва ғайра);
4) Истифодаи биофунгидситҳо (Фитоспорин, Триоходермин ва ғайра);
5) Препаратҳои микробиологии комплексӣ (Байкал ЭМ-1, Восток ЭМ-1, Экомик урожайный ва ғайра);
6) Мелиорантҳо ва биостимуляторҳо (Гумат калий, Микориза ва ғайра);
7) Мелиорантҳои дар ҳудуди вилоят мавҷуд буда лойқаи каналу ҷўйборҳо, торф, гулбўтта ва ғайра ҳатмӣ мебошад.